Асосӣ Мақолаҳо ДУРЎҒ ОДАМИРО КУНАД БЕФУРЎҒ

ДУРЎҒ ОДАМИРО КУНАД БЕФУРЎҒ

ДУРЎҒ ОДАМИРО КУНАД БЕФУРЎҒ
2022-06-09
2183

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Дурӯғ одамиро кунад бевиқор,
 Дурӯғ одамиро кунад шармсор.

Дурўғ он аст, ки инсон каломи хилофи ҳақиқат ва воқеъиятро бар забон биронад. Дурўғ яке аз нишонаҳои нифоқ ва дурўягӣ аст. Паёмбар (с) фармудаанд: Нишонаи мунофиқ се чиз аст: Чун сухан бигўяд, дурўғ гўяд ва чун ваъда диҳад, хилоф кунад ва чун амонат дода шавад, хиёнат кунад».

Мўъмини воқеъӣ ҳаргиз дурўғ намегўяд. Аз Паёмбар (с) суол карданд: Оё мўъмин метавонад тарсу бошад? Фармуданд: Оре. Пурсиданд: Оё мумкин аст, ки бахил бошад? Фармуданд: Бале. Пурсиданд: Оё мумкин аст, ки мўъмин дурўғгў бошад? Фармуданд: На.

Оре, дурӯғ гуфтан, сухани хато задан инсонро ҳамеша шармсор месозад. Оиди ин масъала бузургон, аҳли дин, волидайну бобоёни мо суханҳои ҳикматноки зиёде гуфтаанд. Падару модарони мо мегӯянд, ки ба саратон шамшер ҳам ояд, ҳеҷ гоҳ сухани дурӯғ нагӯед. Зеро гуфтори дурӯғ одамро шармандаву сархам мегардонад. Бузургон дар ин бобат гуфтаанд: ”Дурӯғгӯ ҳар ҷо залил асту безабонӣ беҳ аз дурӯғгӯӣ”.

Шахси дурўғгў наметавонад, ки дурўғашро пинҳон ё инкор кунад, балки дурўғаш рўзе ошкор ва худаш расво мешавад. Ҳазрати Алӣ (рз) мефармояд: Касе чизеро дар ботини худ пинҳон ҳам дорад, дар  лағжишҳои забонаш ё дар ранги чеҳрааш ошкор мегардад.

Хирадмандону донишмандон шахсони дурӯғгӯйро мазаммат кардаанд, зеро дар таърих омадааст, ки аз хабари дурӯғ хеле одаму олам зарар дидааст. Шамшери асосии фосиқ ин забони ӯст, яъне шахси дурӯғгӯ метавонад як қавму қабиларо, ё як шахсро бо дигараш бо ҳам ҷанг андозад, байни онҳо низоъву балоро барпо кунад. Ба сухани дурӯғгу ҳаргиз бовар кардан нашояд. Чароғи дурӯғ фурӯғ надорад. Ростӣ ва ростгӯӣ бошад ҳаргиз завол намеёбад, аммо умри дурӯғ ҳамеша кӯтоҳ аст. Шахси дурӯғгӯй дар ҷамъият беқадр мешавад. Чунон ки Носири Хусрав гуфтааст:

Макун фаҳшу дурӯғу ҳазл пеша,
 Мазан бар пойи худ зинҳор теша.

Аз аъмоли зишти дурӯғгӯёну фосиқон чанд хона вайрон асту ёрони дӯстон аз ҳам ҷудо гаштаанд. Дар ҳақиқат шахси дурӯғгӯй фосиқ аст. Шахси шубҳаноку ғаразнок аст. Дар чеҳрааш нур дида намешавад. Ба қавли Носири Хусрав:

Ҳар он касро, ки гуфтораш дурӯғ аст,
 Зи рӯи ақл рӯяш бефурӯғ аст.

Дар ҳақиқат аз ростӣ шоистатар ва аз дурӯғ зишттар коре нест. Инсон бояд аз гуфтори дурӯғ барҳазар бошад, зеро ҳаёти дурӯғгӯй ҳамеша дар хатар аст. Дурӯғ ҳусни инсонро мекоҳонад.

             Аз Расули гиромӣ (с) ривоят шуда, ки фармуданд: «Ман зоминам ба хонае дар атрофи биҳишт барои касе, ки хусумату даъворо тарк кунад, ҳарчанд ки ҳақ ба љониби ў бошад, ва ба хонае дар байни биҳишт барои касе, ки дурўғро тарк кунад, ҳарчанд ки барои шўхӣ ҳам бошад, ва ба хонае дар болотарин табақаи биҳишт барои касе, ки ахлоқаш некў бошад».

Ростгӯйӣ ва ростқавлӣ ҳусни бебаҳои инсон аст. Инсони ростгӯй дар дили ҳама маъво мегирад, ӯро тамоми оламиён дӯст медоранду ҳурмат мекунанд:

Дило, гар кунӣ ростӣ ихтиёр,
 Шавад халқи дунё туро дӯстдор.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:06
Пешин12:40
Аср15:17
Шом17:15
Хуфтан18:45
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар