ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ - РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА САОДАТИ ХАЛҚ
Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон
Эҳтироми арзишҳои муқаддаси миллӣ, дар мисоли Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчами давлатӣ, Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ ифодагари ифтихори миллӣ ва пойдории давлат ба ҳисоб рафта, нишони арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию таърихӣ маҳсуб меёбад. Ба вижа Парчами давлатӣ, ки рамзи озодӣ ва устувории давлати соҳибистиқлоламон буда, ҳамчун муқаддасоти миллату давлати мо дар болои биноҳои мақомоти давлатӣ, мактабу муассисаҳои олӣ ва дигар иншооти муҳими давлатӣ ва майдонҳои расмӣ барафрохта шудааст.
Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва оғози ҳамкориҳои байнидавлатӣ Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибихтиёр аз даромадгоҳи сафоратхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷ ва дар Қароргоҳи Созмони Миллати Мутаҳид низ парафшон мебошад. Бардоштани Парчами давлатии кишварҳое, ки шаҳрвандонашон дар озмунҳои илмиву адабӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ ғолиб меоянд, рамзи музаффарият арзёбӣ мегардад.
Парчамдорӣ дар таърихи миллату давлатдории кишварҳои олам таърихи ниҳоят қадим дошта, тибқи маъхазҳои бостонӣ ниёкони миллати тоҷик аз нахустин мардумоне буданд, ки бо баргузории маросими парчамбардорӣ аз зафар ёфтан дар қиболи душманони аҷнабии хеш дарак медоданд. Дирафши коваёнӣ намунаи беназири баёнгари парчамдориву парчамбардории ниёгони мо мебошад, ки солҳои зиёд рамзи ифтихори давлатҳои қадимии ориёиҳо, аз ҷумла сулолаҳои давлатдории ҳахоманишиҳо, ашкониён ва сосониён ба ҳисоб мерафт. Гарчанде ки дар садсолаҳои баъдӣ аз парчамҳои давлатии сулолаҳои минбаъдаи давлатдории тоҷикон, аз ҷумла, Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён нишонае то замони мо нарасидааст, аммо дар давраи Аморати Бухоро гузаштагони мо парчами худро доштанд ва дар солҳои 1921-1924 Парчами Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро ва баъдан, Парчами Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон рамзу рангҳои гуногун ва матнҳои ифодагари идеологияи ҳукуматдорони вақтро дошт. Аммо дар солҳои аввали соҳиибистиқлолӣ бинобар вазъи муташанниҷи сиёсӣ дар кишварамон рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами Тоҷикистон, қабул нашуда буданд. Бо шарофати баргузории Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти конститутсионӣ барқарор гардида, маҳз бо ташаббус ва саъю талошҳои Раиси тозаинтихоби Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 24-уми ноябри соли 1992 Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва Тоҷикистони соҳибистиқлол соҳиби Парчами давлатӣ гардид.
Аз соли 2009 инҷониб бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид, ки ин санаи муҳим дар кишварамон бо ифтихору сарфарозӣ аз давлату давлатдории миллати тамаддунофари тоҷикон ҷашн гирифта мешавад. Яъне рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯзи эҳтиром ва арҷгузорӣ ва садоқату муҳаббати халқ ба яке аз рамзҳои асосии давлат – Парчами Тоҷикистон дар кишвари соҳибистиқлоламон таҷлил карда мешавад.
Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар радифи эҳёи расму оинҳо ва фарҳанги миллӣ ва ташаббусҳои бузурги созандагиву тарҳрезии лоиҳаҳои бузург дар самти рушди иқтисодӣ-иҷтимоӣ, Пешвои муаззами миллат бо мақсади баланд бардоштани мақому манзалати Парчам дар рукни давлатдорӣ бунёди манораи бузурги Парчами давлатиро пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби кулли сокинони кишварамон ҳамовозӣ паёдо намуд. Ин буд, ки санаи 30-юми августи соли 2011 дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо боландии 30 метр ва паҳнои 60 метр дар пояи 165 метр парафшон гардид, ки аз лиҳози баландӣ нахустин Парчами давлатии ҷаҳон эътироф гардида, дар китоби “Рекордҳои Гиннес” дарҷ гардидааст.
Ҳамин тавр, Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамчун рӯзи ифтихор аз давлати соҳибистиқлолу демократӣ, эҳтирому қадршиносӣ аз муқаддасоти миллату давлати соҳибихтиёрамон дар саросари мамлакатамон бо шукўҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Парчами давлатӣ халқи озодманиши Тоҷикистонро ба ифтихор аз ҳуввият, давлату давлатдорӣ, таҳкими Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи дастовардҳои таърихӣ, аз ҷумла, ваҳдати миллӣ ва саъю кӯшишҳои пайваста баҳри рушду шукуфоии Ватани азизамон раҳнамун месозад.
Шукронаи соҳибистиқлолӣ ва сулҳу ваҳдати пойдорамон, ки мо мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол зери Ливои
соҳибистиқлолӣ ба ваҳдати миллӣ расидем ва дар зери ҳамин рамзи муқаддаси миллату давлатдорӣ сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатро, ки ба пойдории давлат ва таъмини зиндагии шоистаи мардум равона гардидааст, дар амал татбиқ намуда истодаем.
Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи ҳаёти осоиштаву ваҳдати ҷовидонаи тоҷикон, эҳтирому қадршиносии муборизони роҳи озодӣ ва умеду орзуҳои халқ ба ояндаи дурахшон барои ҳар фарди худогоҳи ин сарзамини муқаддас азизу арзишманд аст.
Бинобар ин, меҳру муҳаббати самимӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ аз эҳсосоти муқаддасест, ки дар қалби мову фарзандони мо ҷой дошта, моро ба ифтихору сарфарозӣ аз миллату давлатдории соҳибиистиқлоламон ҳидоят намуда, тарбияи фарзандонамон дар рўҳияи ин муқаддасот рисолати муҳими мо дар зиндагӣ ба ҳисоб меравад. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд; “Мо зери Парчами давлатӣ ояндаи дурахшон ва ободиву пешрафти ин сарзминро таъмин намуда, барои халқи азизи Тоҷикистон зиндагии пурсаодатро муҳайё хоҳем кард”.
Нурзода Усмоналӣ, сархатиби вилояти Хатлон,
муовини Раиси Шўрои уламои
Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар вилояти Хатлон
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ - РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА САОДАТИ ХАЛҚ
Ба номи Худованди бахшояндаву мењрубон

Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар