Асосӣ Мақолаҳо ФАЗИЛАТИ ШАБИ ҚАДР АЗ НИГОҲИ ҚУРЪОНУ СУННАТ

ФАЗИЛАТИ ШАБИ ҚАДР АЗ НИГОҲИ ҚУРЪОНУ СУННАТ

ФАЗИЛАТИ ШАБИ ҚАДР АЗ НИГОҲИ ҚУРЪОНУ СУННАТ
2024-04-05
737

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Ҳамду сано Худованди покро ва дуруду салом бар Ҳазрати Муҳаммад (с) ва хонадону ёронаш.

 

Эй хоҷа, чи ҷуйӣ зи шаби Қадр нишонӣ,
Ҳар шаб, шаби қадр аст агар қадр бидонӣ!

      Дар моҳи Рамазон шабе ҳаст бо номи шаби Қадр, ки дар назди Худованд аз ҳазор моҳ беҳтар ва боарзиштар аст. Шабе, ки дар миёни осмону замин ва башарият бо олами улвӣ ва фариштагон робитаи бевоситае барқарор гардид ва дар он нузули Қуръон бар дили поки охирин паёмбари Худо Ҳазрати Муҳаммад (с) оғоз гардид. Шабе, ки ҷаҳони ҳастӣ бо шодмонии нотакроре онро пешвоз гирифт ва ҳодисаеро бо он азамат ва шукӯҳ ҳаргиз надида буд.

        Донистани қадру азамати он шаб барои хелеҳо муяссар намегардад. Дар он шаб фариштагони Худованд ва Ҳазрати Ҷабраил (ъ) барои ҳар коре бо амри Парвардигорашон фуруд меоянд ва то дамидани субҳ дар он шаб нуру баракат ва салому осоиш ҳукмфармост.

Шаби Қадр, Лайлатулқадр — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон(имсол шаби Қадр ба шаби 5-ум ба 6-уми апрел рост меояд)  ки беҳтарин шаб барои ибодат мебошад ва он шаб дуову ибодат зуд иҷобат меёбад.

        Дар ин шаб Қуръони карим бар Ҳазрати Пайғамбар (с) нозил шудааст. Шаби Қадр дар яке аз шабҳои тоқи даҳ рӯзи охири моҳи Рамазон мебошад. Дар Қуръон баён гардидааст, ки он шаб аз ҳазор моҳ беҳтар мебошад. Худованд мефармояд:

«Мо ин (Қуръон)-ро дар шаби Қадр нозил фармудем ва ту чӣ донӣ, ки шаби Қадр чист? Шаби Қадр, бешак, аз ҳазор моҳ беҳтар аст. Фариштагон ва Рӯҳ (Ҷабраил) дар он шаб барои ҳар коре ба амри Парвардигорашон фуруд меоянд (ва) он (шаб) то дамидани субҳ салому осоиш аст». Ин сураи Қуръон бо номи «Қадр» номгузорӣ ва барои баёни фазилатҳои шаби Қадр нозил гардидааст, шабе, ки алтофи бепоёни Парвардигори олам бар бандагони рӯзадораш фуруд меоянд ва онҳоро дар зери пӯшиши лутфу навозишҳои худ қарор медиҳад.

      Дар ин сура ба чаҳор хусусият ва фазилати шаби Қадр ишора шудааст: 1. Нузули Қуръони карим дар ҳамин шаб оғоз гардидааст, 2. он шаб аз ҳазор моҳ беҳтар мебошад, 3. фариштагон ва Ҳазрати Ҷабраил (ъ) дар он шаб барои анҷоми корҳои муайяне бо амри Парвардигор ба замин меоянд ва 4. он шаб то саҳар дар сар то сари олами офариниш садои салому дуруди офаридагони Худованд баланд мешавад ва дар он то субҳ нуру баракат ва амну осоиш ҳукмфармост. Шабест, ки дар он ҷашни ҳамагонӣ дар сар то сари олам баргузор мегардад.

        Шаби Қадр Паёмбар cаллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: «Дар ин моҳ шаби Қадр аст, ки аз ҳазор моҳ беҳтар аст. Касе, ки аз хайру (баракоти) он шаб маҳрум гардад, маҳруми ҳақиқӣ ҳамон кас аст». (Мусаннафи Ибни Абўшайба).

        Шаби Қадр дар шабҳои тоқи даҳ рўзи охири моҳи Рамазон мебошад. Вале баъзе донишмандон дар шаби бисту ҳафтуми Рамазон будани шаби Қадр ба яқин наздиктар гуфтаанд. Ибни Аббос разияллоҳу анҳу, Убай ибни Каъб разияллоҳу анҳу, Ибни Масъуд разияллоҳу анҳу ва дигарон дар шаби бисту ҳафтум будани онро ба яқин наздиктар донистаанд. Убай ибни Каъб мегўяд: Шаби Қадр дар даҳаи ахир, дар бисту ҳафтуми моҳи Рамазон мебошад. Зирр ибни Ҳубайш мегўяд: Он гоҳ беистисно савганд хўрд, ки шаби Қадр шаби бисту ҳафтуми моҳи Рамазон мебошад. Пурсидам: Бо чӣ далел инро мегўӣ? Гуфт: Бо нишонае, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам моро хабар дода буд: "Субҳи он шаб офтоб бе шуоъ мебарояд". (Саҳеҳи Муслим). Бародари азиз! Қадри ин шабро бидон ва ин шабро бо ибодат бигзарон!

      Нишонаҳои шаби Қадр: 1. Он шаб аз дигар шабҳо нуронӣ мешавад. 2. Қалби муъминонро ҳамон шаб оромӣ фаро мегирад. Дар он шаб қалби муъмин ором ва кушод мешавад. 3. Дар он шаб ҳаво ором мешавад. Дар он шаб шамол ором мешаваду, шамоли сахт намевазад. 4. Гоҳо шахсони солеҳ шаби Қадр кадом шаб буданашро дар хоб мебинанд. Чунонки баъзе саҳобагон дар хоб диданд. 5. Инсон дар он шаб аз намоз ҳаловату лаззат мебарад, ки дар дигар шабҳо он гуна лаззату ҳаловатро ёфта наметавонад. 6. Субҳи он шаб офтоб бе шуоъ мебарояд. Убай ибни Каъб разияллоҳу анњу гуфт: Расули Худо саллаллоху алайҳи ва саллам нишонаи шаби Қадрро ба мо хабар дода, фармуданд: "Субҳи он шаб офтоб бе шуоъ мебарояд". (Саҳеҳи Муслим). Ин буд, баъзе нишонаҳои шаби Қадр. Аз Худованд пурсонем, ки ибодатҳоямонро қабул карда бошад ва моро боз ба шабҳои Қадри оянда бирасонад.

       Аз Абўҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Ҳар шахсе шаби Қадрро аз рўи имону ихлос шабзиндадорӣ кунад, Худованд гуноҳони гузаштаашро меомўрзад. (Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим)

       Ҳазрати Оиша (р) мефармояд, ки аз Расули Худо (с) пурсидам: «Эй Расули Худо (с), агар он шабро дарёфтам, чӣ бигӯям? Фармуд: Бигӯ: Худовандо! Ту бахшандаӣ ва афву бахшишро ҳатман дӯст медорӣ, пас маро мавриди афву бахшиши Худ қарор деҳ».

            Донишманде мефармояд: Барои ҳар тиҷорату кишту коре мавсим ва фаслҳои муайяне аст, ки дар мавсимаш бояд корид, то аз тиҷорату кишту корат ҳосили хубе ба даст орӣ ва моҳи мубораки Рамазон ва махсусан даҳаи ахири ин моҳ мавсими сузонидан ва маҳву нобутсозии гуноҳони бандаи муъмин аст, пас ин мавсиме, ки фурсатҳои тиллои дорад аз даст мадеҳ!

        Худованд шаберо бо ин азамат дар ихтиёри рӯзадорон қарор дода, то омилҳои бақо ва ҷовидонагии номи нек ва саодату растагории ду ҷаҳонро барои худ фароҳам намоянд. Шабе, ки аз ҳазор моҳ, яъне аз як умри одамӣ, ки бештар аз ҳаштоду се солро дар бар мегирад, беҳтар ва боарзиштар мебошад. Пас агар рӯзадоре дар умри худ чандин шаби Қадрро бо тамоми маъно дарёбад, бегумон, хушбахттарин одам ҳамон кас аст.

       Шабе, ки баракоти он аз ҳаштоду се сол умри бо тоату ибодат беҳтар аст, чӣ расад ба умри беҳудаву пуч. Одамоне, ки умреро дар беҳудагӣ ва аз қафои корҳои ботил гузаронидаанд, бояд бештар бикӯшанд, то аз ин моҳ ва ин шаб хуб истифода намоянд. Шояд гузаштаи худро дар зарфи як моҳ ва ё дар як шаб ва як чашм пӯшидан ҷуброн намоянд ва дар пеши Парвардигорашон сарбаланд гарданд. Шабе, ки агар банда қадри онро бо истифода аз баракоти маънавиаш дарёбад, фардои он барояш рӯзи нав ва ҳаёти дигар аст, ба гуфтаи Саъдӣ:

Муборактар шабу хуррамтарин рӯз,

Ба истиқболам омад бахти пирӯз.

Дуҳул зан, рав башорат гӯ ду навбат,

Ки дӯшам қадр буд, имрӯз наврӯз!

Дар охир аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамон дуъоеро, ки Паёмбари акрам (с) ба мо таълим дода буданд, аз Худованди Раҳмон хоҳонам:

 “Аллоҳумма иннӣ аъузу бика минал-бараси вал-ҷунуни вал-ҷузом ва мин саййиил-асқом”, (Худоё, ман ба Ту аз песӣ, девонагӣ, махав ва аз бемориҳои бад паноҳ мебарам)  ба баракати моҳи мубораки Рамазон ва хусусан бо баракати шаби Қадр, ин вабои асрро аз болои башарият Худат ба фазлу карамат дур кун. Омин ё Раббал оламин.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:03
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:12
Хуфтан18:42
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар