ЗАБОНИ МИЛЛАТ- ҲАСТИИ МИЛЛАТ
Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон
Ҳамду сано Худованди ягонаро ва дуруду салом бар Расули гиромӣ (с) ва ҳамаи хонадону ёронаш бод.
Шукри Худованд, ки дар Ватани зебову биҳиштосои худ ва дар кишвари орому осуда зиндагӣ дорем ва ин дар ҳақиқат неъмати бузург аст. Ҳамасола дар кишвари азизи мо рӯзи 5-уми октябр ҳамчун Рӯзи забон таҷлил мешавад, ки бешубҳа яке аз муҳимтарин ҷашнҳои миллию давлатии мост. Чунки барои миллати мо забон на танҳо воситаи гуфтугӯ ва муошират аст, балки як унсури бунёдиест, ки худи ҳувияти миллии мо бар меҳвари он бунёд шуда ва бақои миллии мо бар пояи он таъмин гаштааст.
Табиист, ки дар тӯли таърих забон ба сахттарин муқобилияту фишорҳо ва гоҳо ҳатто тааррузи аҷнабиён ва душманони дохилии ҷонибдори бегонагон рӯбарӯ мегардад. Забони миллӣ вақте аз ин набард солим, бегазанд ва пурқувват бадар меояд, ки агар мардум, махсусан зиёиёни фидокор зарфият ва масъулияти ҳимояи манфиатҳои миллиро ба уҳда бигиранд ва амал кунанд. Соли 2009-умро Пешвои миллати мо бесабаб Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон накарда буданд. Иқдоми ҷавонмардонаи Пешвои миллат барои эълони соли бузургдошти Имоми Аъзам, ҳамчун чеҳраи баргузидаи миллӣ, аз ҷасорати ин пири тариқат барои ҳимояи забони модарӣ, ҳувият ва асолати миллии тоҷикон сарчашма мегирад. Яке аз муҳимтарин хизматҳое, ки барои бузургдошти забони тоҷикӣ анҷом шудааст, ин фатвои Имоми Аъзам буд, ки хондани намозро ба забони тоҷикӣ иҷозат доданд. Тибқи фармудаи Имом Абӯҳанифа, дар намоз ба ҷуз аз тиловати Қуръон, боқӣ ҳамаи дуоҳо метавонад ба забони тоҷикӣ анҷом дода шавад. Илова бар ин, Имоми Аъзам барои он ки мусулмонон Қуръонро хуб ва дуруст фаҳманд, ба форсии тоҷикӣ тарҷума кардан ва хондани Қуръонро фатво доданд. Ин иқдоми ӯ натанҳо ба пойдории забони тоҷикӣ, балки ба густариши Ислом дар қаламрави Хуросони бузург ва берун аз он, дар миёни халқҳои туркзабон мусоидат намуд. Ҳамин тариқ, забони тоҷикӣ дар байни мусулмонони ҷаҳон густариши бештар пайдо кард ва 1300 сол инҷониб аксари мусулмонони олам нияти намозро ба забони тоҷикӣ мехонанд. Бешак, фатвои Имом Абӯҳанифа, яъне бо забони тоҷикӣ анҷом додани нияти намоз ва дуоҳо аз мавқеи шоистаи забони тоҷикӣ дар ҳамаи давру замонҳо шаҳодат медиҳад.
Забони мо дар тамоми марҳилаҳои таърихӣ ҳамчун силоҳи муҳимми муборизаи истиқлолхоҳии миллӣ хидмат намудааст. Гузаштагони барӯманди мо барои устувору беолоиш то ба замони мо омада расидани забони тоҷикӣ корномаҳои бемисл нишон додаанд. Абӯрайҳони Берунӣ, Мир Сайд Алии Ҳамадонӣ, Мавлоно Яъқуби Чархӣ, Ибни Сино, Рӯдакиву Фирдавсию Хайём, Мавлонову Саъдиву Ҳофиз ва садҳо абармардони арсаи маънавият бо навиштаҳои ҷовидонаи худ мақоми забони тоҷикиро дар тамоми олам боло бурданд. Ин нишони эҳтироми бепоёни мардум ба асолат ва забони модарӣ ва кӯшишҳои халқи тоҷик барои ҳифзи забон ва суннатҳои ниёгон буд.
Дар даврони истиқлоли давлатӣ рушду ҳимоят ва гиромидошти забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатии миллии тоҷикон имрӯз дар меҳвари сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт. Бо оғози фаъолияти ӯ ҳамчун роҳбари давлат дар таърихи муосири забони тоҷикӣ ва корбурду ҷойгоҳи он таҳаввулоти бузурге рух дод, ки оғози вазъияти сифатан нави забондорию забондонии миллат гашт. Маҳз бо талошҳои ӯ забони тоҷикӣ дубора ба забони ҳоким, ба забони воқеии идора, коргузорӣ, илм, тадқиқот, давлат ва қудрат табдил гашт. Ӯ забони тоҷикиро дубора ба ҷойгоҳи расмию давлатӣ баргардонд ва ба тахти давлатдории тоҷикон нишонд.
Аз ин рӯ, вақте Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллати мо аз минбари СММ бо забони тоҷикӣ сухан мегӯяд, гуё худи Рӯдакию Фирдавсӣ ва худи Айнию Турсунзода пушти он минбар истода бошанд ва ё гӯё ҳар як тоҷики соҳибзабон он ҷо истодааст. Ин корнома яке аз бузургтарин хизматҳоест, ки як фард метавонад барои забон, миллат ва давлати худ анҷом дода бошад. Хушбахтии дигари мо ин аст, ки баъди ҳазор соли давлати Сомониён бори дигар бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамин анъанаи хосси тоҷикӣ ҳифз гардида, китоби Қуръони маҷид бо забони тоҷикӣ тарҷума ва бо теъдоди 200 ҳазор нусха нашр ва дастраси мардум гардонида шуд.
Имрӯз забони тоҷикӣ ба ҳайси забони миллӣ ва давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ, равобити дипломатӣ, тиҷорат ва дигар воситаҳои иртибот қарор дорад. Муҳимтар аз ҳама, имрӯз забони давлатӣ дар кишвари азизамон ба рамзи ҳамбастагӣ ва иттиҳоди воқеии тамоми сокинони Тоҷикистон мубаддал гардидааст.
Ҳар касе, ки таърихи забони тоҷикӣ ва родмардони онро медонад, бояд бо забони худ ва бузургони гузаштаи худ ифтихор дошта бошад. Бинобар ин, барои ҳар фарди ватандўст лозим аст, ки ин неъмати худовандиро шукр гўяд ва ҳамеша дар ҳаққи давлати орому осудаи худ ва дар ҳаққи забони миллию давлатии худ дуои нек кунад. Мавриди тазаккур аст, ки зодрӯзи Пешвои муҳтарами миллат низ ба Рўзи забон рост меояд. Аз ин рў, дуо мекунем, ки Худованд барояшон умри дарози пурбаракат, саломатию бардамии ҳамешагӣ ва дар корҳояшон, ки баҳри рушди Тоҷикистони азиз равона гардидааст, барору комёбӣ ато намояд
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар