Асосӣ Мақолаҳо ФАЗИЛАТ ВА АҲКОМИ МОҲИ РАҶАБ

ФАЗИЛАТ ВА АҲКОМИ МОҲИ РАҶАБ

ФАЗИЛАТ ВА АҲКОМИ МОҲИ РАҶАБ
2025-01-07
41

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Ҳамду санои беадад Худовандеро сазад, ки моро ба беҳтарин сурат офарид ва ба мо неъматҳои фаровон ва ақлу тадбир ато намуд. Худованди яктову беҳамто, ки бо фазлу карами худ оятҳову нишонаҳое ба мо нишон дод, то бо ақлу тадбир роҳи ҳидояту наҷотро пайдо намоем. Дуруду саломи бепоён бар хотами пайғамбарон ҳазрати Муҳаммад (с) ва бар хонадону ёрон ва пайравонаш то абад бод.
Инак мо дар моњи Раљаб ќарор дорем. Моњи Раљаб яке аз моњњои муќаддас аст, ки дар он Расули акрам (с) ба Исро ва Меърољ рафта буданд. Ин моњест, ки дар он барои мусулмонон намоз фарз шуд, моњест, ки шахси мусулмон бояд барои моњи мубораки Рамазон омода шавад, рўза дорад ва аз тамоми амалњои нописанд иљтиноб варзад.
Аз даврањои пеш аз Ислом бо фаро расидани моњи Раљаб душманон бо њам мусолиња мекарданд, ќатлу куштор, бадиву бадбинї як сў гузошта мешуд. Тамоми ќабилањои араб њурмати моњи Раљабро риоя мекарданд.
  Ривоят мекунанд, ки Паёмбар (с) гуфтаанд, «Раљабу шањруллоњ ва Шаъбону шањрї ва Рамазону шањру умматї» – Раљаб моњи Худост ва Шаъбон моњи ман аст ва Рамазон моњи умматонам аст.
Савол мешавад, ки моњи Худо яъне чї? Ин моњест, ки умматони Паёмбар (с) бояд нафси худро риёзат кунанд, дар адои суннатњо пешдастї намоянд, ба фаќирону мискинон дасти ёрї дароз кунанд, аз пиронсолон хабар гиранд ва сари ятимонро сила намоянд. Раљаб моњест, ки њар шахс бояд ба моњи Рамазон омода шавад, боре андеша намояд, аз гуноњон омурзиш бихоњад ва дар њаќќи бародаронаш дуои нек кунад.
Моњи Раљаб дорои фазилати бузург аст ва моњест, ки инсон бояд аз пиндору кирдори ношоиста дурї љўяд. Дар моњи Раљаб дили муъминеро озурдан, ѓайбату бадгўиву суханчинї кардан, тафриќа андохтан, ба мардум азият расонидан, фањшу тамасхуру дурўягї кардан, туњмату буњтон ва пайравї аз њавову њавс њаром аст, балки мо бояд дар ин моњ сари ятимеро сила кунем, аз њоли бечорагон бохабар бошем, бо хешовандон робитањоро мустањкамтар намоем ва дар тамоми корњои хайр пешдаст бошем.
 Дар ин моњ шабе бо номи шаби Меърољ маъруф аст. Меъроҷ болоравӣ аст, аз тамоми ҳисҳои башарӣ тоза шудан ва ба мартабаи воло расидан аст. Сафари муқаддаси Расулуллоҳ (с) мебошад. Муъҷизаи шаби Меъроҷ дар Қуръони карим зикр шудааст. Марҳилаи аввали сафари Меъроҷро «Исро» меноманд, ки аз Масҷидул-Ҳаром (Каъба) то ба Масҷиди Ақсо мебошад. Худованди Мутаъол дар ояти аввали сураи Исро мефармояд:
«Пок аст Он (Худой), ки бандаи Худро шабе аз Масљиду-л-Њаром ба сўи Масљиду-л-Аќсо, ки гирдогирди он баракат нињодем, бибурд то баъзе нишонањои худро ба ў бинамоёнем. Ба дурустї ки Ў Шунавои Бино аст» (Сураи Исро, ояти 1).
Дар ин шаб Паёмбари гиромї (с) тавассути Буроќ ба Байтулмуќаддас сафар карданд, ки инро дар истилоњи шаръї «Исро» мегўянд. Бегумон Исро ва Меъроҷ аз нишонаҳои бузурги гувоҳӣ бар сидқи Расули Худо Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва азамати манзалати вай назди Худованд мебошад. Ҳамчунон ки нишонаҳое бар қудрати бошукӯҳ ва бартарии Худованд бар тамоми офаридаҳои хеш мебошад. 
       Исро - маънои роҳравии шабона, Меъроҷ аз калимаи «уруҷ» гирифта шуда маънои нардбонро (зинапоя) дорад.
       Меъроҷ чӣ гуна рух дод? Ҳазрати Муҳаммад (с) бо вафоти Абўтолиб ва ҳазрати Хадиҷа (рз) хеле ғамгин шуда буд. Ҳатто ин солро, соли ғам ҳам меноманд. Шаби Меъроҷ барояш чун эҳсони Илоҳӣ тасалло гардид. Шаби Меъроҷ сафари муқаддасест, ки шаби 27-уми моҳи Раҷаб бо даъвати Аллоҳ таъоло ва роҳбарии ҳазрати Ҷабраил (а) воќеъ шудааст. Дар аснои омадани ҳазрати Ҷабраил (а), ҳазрати Муҳаммад (с) дар назди Каъбаи Муаззама хоб буданд. Њазрати Ҷабраил (а) қафаси синаи мубораки Њазрати Муҳаммад (с)-ро чок карда бо оби Замзам қалбашро шуста сипас бо имону ҳикмат пур карду ба ҳоли пешинааш гузошт. Шоњ Валиюллоҳи Деҳлавӣ ин ҳодисаро «ҷарроҳии маънавӣ номидааст». Пайғамбарамон аз Масҷиди Ҳаром ба Масҷиди Ақсо (марҳилаи аввал, ки Исро меноманд), сипас аз Масҷиди Ақсо ба осмонњо, яъне ба ҳузури Аллоҳ таъоло уруљ карданд. Ин сафари муқаддас пас аз 12 соли пайғамбарӣ, яъне 18 моҳ қабл аз ҳиҷрат рух додааст. 
Ҳазрати Муҳаммад (с) бо савораи сафеди ҷаннатӣ бо исми Буроқ, ки ба асп шабоҳат дорад, аз Масҷиди Ҳаром ба Масҷиди Ақсо сафар намуд. То ба Қудс наомада, аз мақоми ҳазрати Мусо (а) зиёрат намуд. Дар он ҷо ду ракъат намоз адо намуд ва баъдтар ба Масҷиди Ақсо омад. Дар он ҷо ҳамаи пайғамбарон истиқболашон намуданд. Меъроҷро муборакбод намуданд. Дар ин ҷо пайғамбарамон ба кулли пайғамбарон ду ракъат намоз ва хутба хонд.
         Аз Ќуббату-с-Сахра, аз болои Санги Муаллақ ба Меъроҷ рафт.
Аз тамоми табақаҳои осмон дидан намуд. Дар ҳафт табақаи осмон бо навбат, дар осмони якум бо њазрати Одам (а), осмони дуюм њазрати Яҳё (а) ва њазрати Исо (а), осмони севум бо њазрати Юсуф (а), осмони чорум бо њазрати Идрис (а), осмони панҷум бо њазрати Ҳорун (а), осмони шашум бо њазрати Мусо (а) ва дар осмони ҳафтум бо њазрати Иброҳим (а) вохӯрӣ намуд. Ҳамаи пайғамбарон «хуш омадед» гуфтанду муборакбодӣ намуданд.
       Баъди ҳафт табақаи осмон њазрати Муҳаммад (с) бо њазрати Ҷабраил (а) то ба Сидратул-Мунтаҳо (маконе, ки коинот он ҷо ба итмом мерасад) рафт. Ҳазрати Ҷабраил (а) фармуд: Ин ҷо Сидратул-Мунтаҳо ном дорад. Агар ман аз ин нуқта ҳаракате бикунам, месӯзам. Шайх Саъдии Шерозї (р) дар муќаддимаи “Бўстон” мегўяд: 
Шабе барнишаст, аз малак даргузашт,
Ба тамкину љоњ аз малак даргузашт.
Чунон гарм дар тињи ќурбат биронд,
Ки дар Сидра Љабраил аз ў бозмонд.
Бад-ў гуфт солори Байтул-њаром,
Ки: “Эй њомили вањй, бартар хиром”.
Бигуфто: “Фаротар маљолам намонд,
Бимондам, ки неруи болам намонд.
Агар як сари мўе бартар парам,
Фурўѓи таљаллї бисўзад парам”.  
Ҳазрати Муҳаммад (с) дар он ҷо чаҳор дарёро дид, ки дутояш ошкоро ҳаракат мекард (Нил ва Фурот) ва дуи дигар пинҳон буд. Сипас Байтул-Маъмурро зиёрат намуд, ки ҳафтод ҳазор малоика ҳамарӯза макони мазкурро зиёрат менамояд. 
           Пайғамбарамон (с) дар бозгашт бо њазрати Мусо (а) мулоқот намуд. Ҳазрати Мусо (а) суол кард: - Аллоҳ таъоло ба умматат чиро фарз намуд? Ҳазрати Муҳаммад (с) ҷавоб дод: - Панҷоҳ вақт намоз. Ҳазрати Мусо (а): - Ба Аллоҳ таъоло баргард ва аз Ў дархости онро бикун, ки вақти намозро кам бикунад, зеро қувваи умматат намерасад. Ҳазрати Муҳаммад (с) панҷ бор рафту омад кард ва дар ҳар сафараш намоз 10 вақт кам карда шуд. Дар охир панҷ вақт монд.
          Ҳазрати Муаммад (с) дубора бо Рафраф то ба Сидра омад. Ҳазрати Ҷабраил (а)-ро ба сурате бидид, ки дар Ғори Ҳиро дида буд. Сипас, ҳазрати Муҳаммад (с) бо роҳбарии њазрати Ҷабраил (а) ҷаннат ва ҷаҳаннам, манзилҳои охират ва тамоми оламро дидан намуд. Баъдан ба Макка баргашт. 
          Ин њодиса аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ривоят шудааст, ки ӯ ба осмонҳо уруҷ дода шуд ва дарњои осмонҳо бар вай кушода шуд, то ин ки аз осмони ҳафтум гузашт ва Худованд бо он чӣ, ки хост бо вай сухан гуфт ва намозҳои панҷгонаро бар вай фарз намуд ва Худованд дар ваҳлаи аввал панҷоҳ намозро бар вай фарз намуд ва пайваста Паёмбари мо Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Ӯ муроҷиат менамуд ва аз Ӯ дархости тахфиф (сабукӣ) мекард, то ин ки онро ба панҷ фарз расонд, аз лиҳози фарз ва воҷиб будан, панҷ фарз њастанд ва аз лиҳози аҷру подош панҷоҳ мебошанд. Чунки ба амали ҳасана ду баробар подош дода мешавад. Ҳамду сано Худовандро барои тамоми неъматҳое, ки ба мо ато намудааст.

Ҳомидов Абдулвоҳид –мутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломӣ

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:07
Пешин12:40
Аср15:27
Шом17:24
Хуфтан18:54
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар