Асосӣ Мақолаҳо СОҲИБКАСБ БОШЕМ. ИСЛОМ ҲАМ ИНРО МЕХОҲАД.

СОҲИБКАСБ БОШЕМ. ИСЛОМ ҲАМ ИНРО МЕХОҲАД.

СОҲИБКАСБ БОШЕМ. ИСЛОМ ҲАМ ИНРО МЕХОҲАД.
2018-03-19
3104

Фасли баҳор яке аз фаслҳои сол буда, баъд аз зимистон  меояд.

Баҳорро аз ин хотир арӯси сол мегӯянд, ки дар ин фасл табиат аз нав зинда мешавад, дарахтон ба ғунча кардан сар мекунанд, ҳамаи наботот аз нав инкишоф меёбанд.

Марди деҳқон барои зироат коштан заминашро шудгор мекунад. Худованд инсонро халқ кардааст, бояд барои дарёфти ризқаш ягон касб кунад, то ин ки ба сабаби ин касб рӯзиашро биёбад.

Ҳазрати Одам (а) деҳқонӣ мекарданд. Ҳазрати Довуд (а) оҳангарӣ мекарданд. Ҳазрати Сулаймон (а) сабад мебофтанд. Ҳазрати Мӯсо (а) чӯпонӣ мекарданд. Касби Ҳазрати Муҳаммад (с) тиҷорат буд.

Барои ҳамин, моро шарт ва зарур аст, ки барои таъмини нафақаи аҳлу аёламон ягон касберо пеша кунем, зеро нафақаи аҳлу аёл фарз аст.

Худованд дар рӯи замин инсонро халқ кардааст ва беҳтарин неъмат, яъне ақлро додааст. Бояд инсон ин неъмати бузургро дар роҳи ҳалол истифода кунад.

Худованд дар Қуръон, дар сураи Исро, ояти 70 мефармояд:

«Мо иззат додем авлоди одамро ва саворӣ додем ба эшон дар биёбон ва дарё ва рӯзӣдодем онҳоро аз чизҳои покиза ва бартарӣ додем онҳоро ба бисёре махлуқоти хеш бартарӣ додане».

Карим Розиқов,

имомхатиби масҷиди ҷомеи ба

номи д .Фахридин, деҳаи Қазноки

ҷамоати  дехоти Нусратулло Махсуми н. Рашт

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:41
Пешин12:40
Аср17:28
Шом19:33
Хуфтан21:03
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар