РАМАЗОН МОҲИ МУБОРАК ВА БОЗГАШТ БА СӮИ ХУДОВАНД.
Ба номи Худованди бахшояндау меҳрубон
Он дил, ки ҳаметарсад зи шуълаи оташ,
Валлоҳ, ки ба ҷуз рӯза мар ӯро сипаре нест!
Худованди азза ва ҷалларо Шукр мегӯем, ки моро ба моҳи шарифи Рамазон расонид, то имконияти дигаре барои бозгашт ба сӯи хайру некиҳо дошта бошем ва бо истиқболи ин моҳ ва зиндадории шабҳои он аз баҳри раҳматаш баҳравар шавем.
Ва дуруду салом бод ба хотами паёмбарон, Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ки вуҷуди муборакаш сарчашмаи саодати уммат аст.
Аммо баъд: мо дар остонаи оғози моҳи мубораке қарор дорем, ки Худованди мутаъол ин моҳро дар Қуръони азимушаъни худ сутуда аст ва бузургии ин моҳро бароямон васф намудааст. Чунон ки дар каломи ҷовидонаи худ мефармояд:
“Эй касоне, ки имон овардаед, рӯза бар Шумо фарз гардонида шуд, ҳамон гуна ки бар умматони пеш аз шумо фарз гардонида шуда буд, то шумо (аз ин роҳ) тақво намоед”. (сураи Бақара - ояти 183)
Паёмбари акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд:
“Ба таҳқиқ Худованд рӯза доштани моҳи мубораки Рамазонро фарз ва зиндадории онро нафл ва татаввуъ гардонидааст”.
Ин моҳ чунон пурбаракату файзрез аст, ки каломи Худованди Маннон, ки роҳнамое барои башарият аст дар он нозил гардидааст. Чунон ки аз ривоёт бармеояд саҳифаҳои ҳазрати Иброҳим алайҳиссалом дар таърихи якум ё сеюми Рамазон ато шудаанд. Бар ҳазрати Довуд алайҳиссалом дар таърихи даҳум ё дувоздаҳуми ин моҳи муборак Забур эҳдо шудааст. Ба ҳазрати Мӯсо алайҳиссалом дар таърихи шашуми ин моҳ Таврот дода шудааст ва бар ҳазрати Исо алайҳиссалом дар таърихи дувоздаҳум ё сенздаҳуми ин моҳи муборак Инҷил ато шудааст.
Бар ҳамагон равшан аст, ки Қуръони Маҷид аз Лавҳул-Маҳфуз дар шаби Қадри ин моҳи муаззам ба осмони дунё ва аз он ҷо тадриҷан ба он Ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам нозил шудааст. Ҳамаи ин аз он дарак медиҳад, ки ин моҳ ба каломи Худо робитаи ногустанӣ дорад.
Аз Абдуллоҳ ибни Аббос разияллоҳу анҳумо ривоят аст, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: “Агар умматони ман шарафи моҳи Рамазонро медонистанд, таманно мекарданд, ки тамоми сол Рамазон бошад, зеро тоати он мақбул, дуои он мустаҷоб ва гуноҳи он мағфур аст.” (ривояти Абу Довуд, Бухорӣ ва Муслим)
Пас ҳар шахси соҳибхирад бояд ин моҳро бо хушнудӣ пешвоз гирифта, рӯзу шабҳои онро ғанимат шуморад ва бо тавбаи содиқ ба сӯи Парвардигори хеш бозгардад, то ин ки соҳиби аҷри бузург гардад. Чунон ки аз мазмуни аҳодиси гуҳарбори набавӣ бармеояд, ҳар амали хайр дар ин моҳи муборак чандин маротиба зиёд дар номаҳои аъмоли банда сабт мегардад ва ҳар амали нофилае, ки ба амал меояд, баробари фарз маҳсуб мегардад ва ҳар амали фарзие, ки ба ҷо оварда мешавад, баробар бо иҷрои ҳафтод фарз дар ғайри Рамазон аст.
Яке аз воҷиботи ин моҳ пардохти садақаи фитр аст, ки бо пардохти он соҳиби аҷри бузург мегарданд. Аз Абдуллоҳ ибни Аббос разияллоҳу анҳумо ривоят аст, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: “Ҳар касе, ки садақаи фитрашро адо кард, Аллоҳ таъоло ба он банда даҳ чиз ато менамояд. Аввал, ҷасади он бандаро пок мегардонад. Дувум, ӯро аз оташи дўзах озод мегардонад. Савум, рӯзаашро қабул мегардонад. Чорум, биҳиштро бар он банда воҷиб мегардонад. Панҷум, он банда аз гӯр эмин бармехезад. Шашум, дар он сол ҳар чизе, ки хайр кунад, мақбул мешавад. Ҳафтум, Аллоҳ таъоло шафоъатро дар ҳаққи он банда воҷиб мегардонад. Ҳаштум, ӯро аз пули Сирот чун барқ мегузаронад. Нуҳум, тарозӯи аъмоли неки ӯро вазнин месозад. Даҳум, номи он бандаро аз девон (дафтар)-и бадбахтон (дўзахиён) маҳв мегардонад ”. (Ривояти ибни Моҷа ва Абўдовуд (р)). Ин худ шарафи бузургест, ки бо шарофати моҳи мубораки Рамазон як амали кўчак, яъне пардохти садақаи фитр, ки маблағи қариб ба ҳамагон дастрас аст, ин қадар подоши бе ҳадду канор ва лутфу навозиши Парвардигороо ба бор меорад.
қайд кардан ба маврид аст, ки рўза доштан танҳо иборат аз тарки хўрду нўш ва дигар хостаҳои нафсонӣ набуда, балки бояд рўзадор дар баробари ҳама хештандорӣ тарки амалҳои зишт, дилозорӣ ва суханҳои дурўғу беҳуда намояд. Чунонки аз Абўҳурайра ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармудаанд: “Рўза танҳо худдорӣ аз хўрдану нўшидан нест, балки худдорӣ аз лағв, бадрафторӣ ва носазогўиро низ шомил мебошад. Бинобар ин, касе туро (ба вақти рўза) дашном диҳад ва ё бар ту ҷаҳл намояд, бигў: ман рўзадорам”. (Ривояти Ибни ҳиббон).
Ин ҳамон таълимоти волоест, ки инсонро ба сўи ахлоқи накў роҳнамоӣ менамояд ва амал ба ин роҳнамуд танҳо барои ононе муяссар мегардад, ки имони комил доранд ва метавонанд худ ва забони худро аз ғайбату беҳудагўӣ нигаҳ доранд. Аз ин мушкилтар ин аст, ки касе бар ту дашном диҳад ва ё ситеза намояд, сабр намоӣ ва бо гуфтани ин ҷумла, ки “Ман рўзадорам” иктифо намоӣ. Имрўз мо он қадар аз ин таълимоти пурфайз барканор мондем, ки агарчи борҳо ин ҳадиси набавиро мешунавем, вале агар гоҳе бо ин ҳолат дучор шавем, гумон аст, ба он амал намоем. Агар ҳар фард дар бораи он биандешад, ки вақте ба мушкилот сабр менамояд, ҳатман дар ҷойҳои тангу ҳавлноке, чун қабру қиёмат подоши он сабри худро хоҳад гирифт, амал кардан ба ин ҳадис барояш осон мегардад.
Инчунин аз Абўҳурайра (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармудаанд: “Касе, ки дурўғ гуфтан ва амал кардан ба дурўғро тарк нагўяд, барои Худованди мутаъол ҳоҷат нест, ки чунин шахсе хўрду нўши худро тарк намояд” (Ривояти Имом Бухорӣ).
Пас аз Худо бояд оҷизона талаб намоем, ки моро ба ҳоли худамон нагузорад ва мадад намояд, то аъмоли нописандро аз худ дур кунем ва амалҳои шоистаеро, ки муҷиби ризои Худованд аст, касб намоем, зеро яке аз нишонаҳои ризои Парвардигори пок, муваффақ гардонидани банда аст бар амалҳои солеҳ Паёмбар саллалоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд:
“Аз Худованде, ки Парвардигоратон аст, битарсед, панҷ вақт намозатонро бигзоред, моҳи Рамазонатонро рӯза доред, закоти молҳоятонро адо намоед. сарваронатонро итоат намоед, дохили биҳишти Парвардигоратон мешавед.”
Чун дар арафаи ин моҳи муборак қарор дорем, аз Худованди Маннон илтиҷо менамоем, то моро рӯза доштан ба наъе, ки мақбул асту сутуда, насиб бигардонад. Бароямон қувват бар тоат ва парҳез аз маъсият ато намояд ва бурдборию таҳаммулпазириро насиб фармуда, тоъати пурнуқси моро ба даргоҳи бениёзаш қабул фармояду растагорӣ насибамон гардонад. Рамазон барои якоякамон муборак бод!
Рамазон омаду оҳиста садо кард моро,
Мустаидди сафари шаҳри Худо кард моро.
Аз гулистони карам турфа насиме бивазид,
Ки сару пой нур аз атфу сафо кард моро.
Ҳар сари мӯям агар шукр кунад то ба абад,
Кам бувад з-ин ҳама файзе, ки ато кард моро.
Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Сармутахассиси Раёсати фатво
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар