Фалсафаи қурбонӣ
Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим.
Даҳуми моҳи зулҳиҷҷа тамоми мусулмонони ҷаҳон Иди Қурбонро таҷлил менамоянд. Иди Қурбон дар олами Ислом бо забонҳои зиёд бо номҳои зиёде мисли Ид-ул-азҳо, Қурбон-Байрам, Қурбони Ахтар, Бара Ид ёд мешавад. Аммо, маъмултарин номи ин ид Ид-ул-Акбар, ё Ид-ул-Кабир мебошад. Аз ин ду номи бештар маъмул маълум мегардад, ки Иди Қурбон бузургтарин ҷашнвораи динӣ дар тақвими Ислом аст.
Бояд ёдовар шуд, ки аз соли дувуми ҳиҷрӣ (623м) сар карда, то имрўз мусулмонон бо шукуҳу шаҳомати бисёр хос ин рўзро истиқбол мекунанду ҷашн мегиранд. Вале, маълум аст, ки ин суннат, яъне суннати қурбонӣ таърихи беш аз чаҳорҳазорсола дошта, решааш ба яке аз паёмбарони улулазми Худованд ҳазрати Иброҳими Халилуллоҳ (а) робитаву пайвастагӣ дорад ва аз ин рў, суннати қурбонӣ чун суннати иброҳимӣ низ маъруф аст.
Фикр мекунам, ки дар асари ба роҳ мондани таълимоти мазҳабӣ ва инчунин дастрасии васеъ пайдо кардан бар маводи мазҳабӣ аксари мардум аз қиссаи қуръонии Иброҳиму Исмоил, ки суннати қурбонӣ аз ин қисса маншаъ мегирад, огоҳ ҳастанд ва аз ин лиҳоз, аз бозгўву баёни ботафсили ин қисса худдорӣ намуда, фақат ба таври хеле мухтасар ёдовар мешавам, ки назар ба ривоятҳо ҳазрати Иброҳим гарчанде ки солҳои зиёде бо завҷаи маҳбубаш Сора мезист, вале фарзанд надошт ва ў бо иҷозаи Сора бо умеди ёфтани фарзанд бо канизе бо номи Ҳоҷар издивоҷ кард. Худованд ба ҳазрати Иброҳим аз Ҳоҷар фарзанд ато намуд. Вале, пас аз муддате Паёмбар дар хоб мебинад, ки Худованд ба ў амр ба қурбонӣ кардан медиҳад. Иброҳим фардо субҳ теъдоде аз шутуронро қурбонӣ мекунад. Шаби дувум низ ин хоб такрор мешавад ва Иброҳим боз шутури бештареро забҳ мекунад. Аммо, шаби севум Худованд ба таври возеху равшан амр мекунад, ки писаратро қурбонӣ кун.
Медонем, ки хоби паёмбарон як намуди ваҳй аст ва чун Иброҳим ба писараш оиди ин хости Худованд хабар дод, ў бе ягон ҳаросу дудилагӣ ин амри илоҳӣ ва иқдоми падарро дастгирӣ кард ва гуфт: «Эй падар, ончунон ки Худованд амр кардааст, бикун. Ва маро аз итоаткунандагон ба Худо хоҳӣ дарёфт. Аммо, мувозиб бош, то ки баъдан модарам доѓҳои хунинро дар либосам набинад ва андўҳаш наафзояд. Ва инчунин кордро хуб тез кун ва тез корд рон, то ки зиёд эҳсоси дард накунам. Ва боз илтимос, ки ҳамсолони маро иҷозати ба назди модарам омадан надеҳ, то андўҳи ў барқарор нагардад. Ту ҳам эй падар, ба ҳамсолонам кам бинигар, то камтар ранҷ бубарӣ».
Иброҳим пас аз ваъдаи иҷрои ин вопасин хоҳишоти писар ба гулўяш корд ронд. Аммо, корд асаре накард. Иброҳим тарсид, ки амри Худо ноиҷро мемонад. Дар ин асно аз Худованд ваҳй шуд, ки: «Ё Иброҳиму, қад саддақтар-руъё. Инно казолика наҷзилмуҳсинин … Инна ҳозо лаҳувалбалоъ-ул-мубин». (Эй Иброҳим, хобатро ба ҳақиқат пайвастӣ…ин озмоише буд ошкоро). (Сураи «Соффот», ояти 105-106)
Яъне, Худованд паёмбарро дар маърази имтиҳон қарор дода буд ва чунон ки оташро ба Иброҳим сард карда буд, кордро бар писараш кунд кард.
Ин буд, қиссаи қурбонӣ, ки ба таври хеле мухтасар дар асоси оёти қуръонӣ нақл кардем. Аммо, акнун фурсате расида, ки шаммае аз ҳикмату маъонӣ ва рамзҳои дар қафои ин қисса нуҳуфтаро баён кунем, то бубинем, ки ин қисса чӣ сабақи имони бароямон медиҳад. Зеро мо баъзан оиди маъниҳову паёмҳои муқаддаси ин ид фаромўш карда, онро фақат чун боз як баҳонаи дигар барои вақтхушиву оростани дастархону шикам сер кардан истифода мебарем. Бо ин гуфтаниям, ки мо бояд моҳияти ҷашнвораву идҳои мазхабиро бифаҳмем. Агар нафаҳмем, ё оиди онҳо тасаввури норавшан дошта бошем, пас мо аз иродаи аслии Худованд бехабар мемонем. Ҷашну идҳои мазҳабӣ василаи изҳори имон, василаи худшиносӣ, баёнгари идея, назариёту ҷаҳонбинии мазҳабиянд ва як хусусияти онҳо ин аст, ки инҳо рамзиянд. Хусусан идҳои бар қиссаҳои қуръонӣ асосёфта маъноҳои амиқи рамзӣ доранд.
Худованд дар Қуръон ба қиссаҳои қуръонӣ ишора карда, онҳоро аҳсанулқасас- қиссаҳои неку меномад. Вале, дар айни ҳол гўшзад мекунад, ки ин қиссаҳо масаланд, ё ки ба маънои дигар рамзанд. «Ва лақад зарабно линноси фӣ ҳазалқуръони мин кулли масал» (ва ба ростӣ дар ин Қуръон барои мардум ҳар гуна масале задем. (Сураи «Зумар» ояти 58).
Фикр кардан ба он маъност, ки аз ин қиссаҳо хулосаҳо ҳосил кунанд, дарсҳо бигиранд.
Муҳимтарин дарсе, ки ин қисса ба мо медиҳад, ин аст, ки бо фиристодани гўсфанд Худованд қурбонӣ кардани инсонро, ки он замонҳо маъмул буд, қотеъона мамнуъ эълон кард.
Ва дарси дигаре, ки банда аз қиссаи қурбонӣ бояд касб кунад, дарси имонист. Маълум аст, ки маѓз ва ҷавҳари биниши динӣ имон аст. Мумкин аст, ки касе зиёд мутолиа аз мазҳаб дошта бошад ва суханҳое бигўяд баланду олӣ ва лофи имону имондорӣ бизанад. Аммо, ин гуна шахс агар имондорияшро бо амал исбот накунад, ба ростӣ қадаме ба сўи имон намондааст. Ҳазрати Иброҳим (а) бо ин кор садоқати имону амалашро исбот кард. Худованд қаблан ҳам ба василаи парастиши ситораву моҳу хуршед ва бутҳоро зери савол гузоштан ва инчунин бо дар оташ афкандан имони ўро мавриди озмоиш қарор дода буд. Ва Ҳазрати Иброҳим (а) чун мавридҳои пешин ин даъфа ҳам, муваффақу сарбаланд аз озмоиши илоҳӣ гузашт. Худованд аз Иброҳим (а) ягона ва пурарзиштарин чизашро хост. Ў бе ҳеҷ гуна калавиш розӣ шуд. Ў исбот кард, ки муҳаббати ў ба Худо нисбат ба муҳаббати ҳама чиз бештар аст. Бардоште, ки мо аз ин қисса ва рафтори Иброҳим (а) ҳосил мекунем, ин аст, ки мо ҳам бояд на дар лафз, балки дар амал имондориямонро нишон бидиҳем. Мисли ў дар роҳи Худову Паёмбар устувору росих бошем ва агар лозим шавад, дар роҳи ризои Худо аз азизтарин чиз ва азизтарин шуѓлу кору одат даст бикашем.
Исмоили хурдсол ҳам рафторе кард омўзанда барои мо. Аввалан, бо ташвиқи падараш ба таъхиру сустӣ накардан дар иҷрои амри Худованд, ў омодагияшро ба пазируфтани бемайлони иродаи Худо нишон дод. Дувум, бо қабули хости падар ў сабақи гўш додан ба гапу иродаи падару модарро ба насли ҷавон медиҳад.
Ҳочар бошад, бо қабули сухани Иброҳим аввалан садоқати худро ба амри Худо ва сони эҳтиром доштанашро нисбати шавҳар изҳор намудааст ва ин ҳар ду дарсҳоеанд пурарзиш барои хонумон.
Пеш аз шинос шудан бо дигар ҳикматхои қурбонӣ, биёед лаҳзае ба дунёи ботинии худ фурў биравем ва агар падар бошем, аз худ бипурсем, ки чи қадар аз садоқату имону фидокории иброҳимӣ дар ман аст? То кадом дараҷа ман фарзандонамро дар рўҳи садоқату имондориву фидокорӣ тарбия кардаам?
Ва агар модар бошем, аз худ савол кунем, ки оё аз сифатхои садоқату сухани шавҳар- қабулкунии зани Иброҳим (а) Ҳоҷар, ки бо хости шавҳар бо кўдак бе обу ѓизо ва сояи дарахту буттае зиндагиро дар биёбони тафсон пазируфт, заррае дар вуҷуди ман аст? Оё метавонам мисли ў сабр дошта бошам ва ҳангоми рў ба рў шудан ба мушкилот мардонавор талоши рафъи он кунам?
Агар писар бошем, дар ин лаҳза афкори худро гирди саволҳои зерин мутаваччеҳ созем: Оё ман ҳам метавонам мисли Исмоил бошам? Оё метавонам мисли Исмоил падару модарамро гўш кунам?
Илова ба дарсҳое, ки мо аз кисса мегирем, боз қурбони як василаи наздик шудани мо ба Худост. Зеро қурбон аз калимаи «қурб», яъне наздикшавӣ гирифта шудааст. Маълум аст, ки ҳадафи офариниши инсон ибодат аст, маҳз ба василаи ибодат банда ба Худо тавассул меҷўяд. Аммо, ибодат ду гуна аст: бадани ва молӣ. Қурбонӣ як намуди ибодати молист.
Қурбонӣ инчунин рамзи омодагӣ ба кумаки бечорагон аст. Зеро яке аз воҷиботи асосии ин суннат дилҳоро кушода гирифтан ва ба мискину бечораву ниёзманд гўшти қурбониро қисмат намудан, ё аз он гўшт таом пухта, ба онҳо пешкаш кардан аст.
Худованд дар Куръони Мачид бо ишора ба курбони мегуяд: «Гўшту хун ба Худо намерасад, он чи ба Ў мерасад, пархезгории шумост». (Сураи «Ҳаҷ», ояти 37)
Шояд баъзе гумон мекунанд, ки ба василаи қурбонӣ кардан метавонанд гуноҳашонро бихаранд. Худованд дар ояти боло бо возеҳият мефармояд, ки мақсад аз қурбонӣ парҳезгорист. Шояд саволе дар зеҳни шунаванда, ё хонандаи муҳтарам пайдо шавад, ки чи робитае байни қурбонӣ ва парҳезгорист? Ҳадаф ин аст, ки қурбоникунанда ба ѓайр аз қурбонии гўсфанду гов, ё ҳайвони дигар боз бояд нафси худро, яъне нафси аммораи худро, ки раҳнамункунанда ба бадиву фасоду дигар аъмоли разила аст, қурбон кунад. Аз ин рў бузурге гуфта:
Нест қурбон он, ки аз баҳри шикам ҳайвон кушӣ,
Худ ба қурбон шав, ки идат ройгон фархунда бод.
Ё, Мавлои Румӣ ҳам дар ин маънӣ чунин гуфтаи пурмуҳтаво дорад:
Чист қурбон? Сар буридан нафсро,
Дар ҷаҳону тарк кардан ламсро.
Ба маънои дигар, инсон бояд ба воситаи теѓи амри Худову Расул аъмоли разилаи худро низ қурбон кунад.
Худованд дар Қуръони Маҷид мефармояд: «Барои ҳар уммате расми қурбонӣ кардан ниҳодем. (Сураи «Ҳаҷ», ояти 34)
Ҳоло, биёед бубинем, ки дар Ислом чи расму русуми қурбонӣ вуҷуд дорад. Аввалан, дар хотир бояд дошт, ки қурбонӣ амри воҷиб аст, зеро Худованд фармудааст, ки: «Фасалли лираббика ванҳар» - Намозро барои Худои худ бигузор ва қурбонӣ кун. (сураи «Кавсар», ояти 2). Аммо, мусулмони қурбоникунанда бояд болиѓу оқилу ба андозаи кофӣ молдор бошад, вале мусофир набошад.
Сонӣ, афзалтар аст, ки қурбоникунанда гўсфандро қурбонӣ кунад. Инчунин метавонад, ки буз, гов, шутурро низ дар роҳи Худо забҳ кунад. Вале, нар, ё мода будани ҳайвони қурбонӣ аҳамияте надорад. Муҳим аз ҳама нияти қурбоникунанда аст.
Севум бояд донист, ки гўшти қурбонӣ бо се ҳадаф ба кор бурда мешавад: Қисме барои афроди хонавода, қисме барои пайвандону хешону наздикон ва қисмати дигар барои бечораву ниёзмандон. Худованд дар ин хусус фармудааст: «Пас бихўред аз онҳо (аз гўшти қурбонӣ) ва ба бенаво ва дарвеш бихўронед. (Сураи «Ҳаҷ», ояти 28)
Худованд ба ҳамаи мо тавфиқи амалҳои нек, сафои имон ва мисли ҳазрати Иброҳиму Исмоил ҳиммати фармонбардорӣ ато фармояд.
Омин ва ё Раббалоламин.
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар