Мақолаҳо
Тамоми созмонҳои террористӣ, аз ҷумла, ташкилоти экстремистӣ-террористии ҲНИТ, ки фаъолияти он бо қарори Суди Олӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, зимни фаъолияти худ ба таври фаровон усули пинҳонкориро истифода мебаранд. Сабаби истифода бурдани усули пинҳонкорӣ махфӣ нигоҳ доштани ҳадафҳои ниҳоии худ ва бадин восита, ба чашми аҳли ҷомеа хок пошидан аст.
Тоҷикистони азизи мо яке аз давлатҳоест, ки сулҳу суботро барои шаҳрвандонаш таъмин кардааст. Дар тамоми минтақаҳои ҷумҳуриамон мардум озодона кор ва фаъолият мекунанд.
Аслан хиёнат паҳлӯҳои мухталиф дорад ва ҳар оина он падидаи номатлуб ва нохушоянд буда, фитрати пасти инсониро ифода менамояд. Вале хиёнат ба Ватан нобахшиданист, зеро хиёнат ба Ватан, хиёнат ба миллат бузургтарин гуноҳест, ки он нобахшиданист. Инсоне, ки ба ин ду мафҳуми муқаддас эҳтиром надорад, ӯ на ба хонадон, на ба ёру аёл, на ба фарзандонаш эҳтиром дорад
Паёмбарон аз Худованди мутаъол барои умматони худ на моли дунёву боигарӣ, на ризқу рӯзӣ, балкӣ амну оромиро талаб доштаанд. Зеро ҳамаи неъматҳои дигар маҳз дар асоси неъмати амну осоиш ба аст меоянд.
Имрӯзҳо дар тамоми кишварҳои исломӣ ҷангҳо миёни мазҳаби суннӣ ва шиа ҷараён гирифтааст, ки ин омил метавонад ба тинҷиву оромии кишварҳо халал ворид созад. Ин фитнаву тафриқаандозӣ бештар аз сӯи доираҳои манфиатталаб амалӣ гардонида мешавад, ки мутаассифона дар бештари вақт чунин гурӯҳҳо барои ба ин ҳадафҳои нопоки худ расидан аз ҷавонони сустирода истифода менамоянд.
Дар вазъияти ташаннуҷи рӯзафзуни ҷаҳон ҳар яки моро зарур аст, ки ҳушёру зирак бошем ва дар ҳимояи сулҳу суботи Тоҷикистони азиз ҳиссагузорӣ кунем. Имрӯз ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ номи муқаддаси исломро дуздида ба худ мегузоранд ва ҷавонони ноогоҳи моро фирефтаи доми худ месозанд.
Суханронии Президент
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Муфассалтар


