Мақолаҳо
16-уми ноябри соли 1992 дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин Иҷлосияи тақдирсоз, ки сарнавишти миллат ҳаллу фасл мешуд, вакилон якдилона ҷавони боғайрату ватандӯст ва сарсупурдаи миллат Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд.
Ҳар маконе, ки муқаддас бошаду дар он ҷо инсони Худодод пайдо шавад, оромию осоиштагӣ ва саодати халқ пайдо мешавад.
Дар тамоми олам низоми ҳаёти башарӣ ва дараҷоти ҳуқуқиро қонунҳо муайян мекунанд, ки онҳо мутобиқ ба Қонуни асосӣ ва ё Конститутсия мебошанд. Аслан қонунҳо маҷмӯи муқаррароту қоидаҳоест, ки аҳли башар дар давоми ҳазорсолаҳо таҷрибаи ҳаётро барои манфиати халқу миллатҳои ҳамон замон ва замони оянда ҳамчун дастурамал ба мерос гузоштаанд.
Дар автобус шоҳиди гуфтугӯи ду ҷавоне гардидам, ки сари кадом масъалае чандин маротиба «қасам ба номи Аллоҳ» гуфта, бо ҳам баҳс доштанд. Мусофирон аз садои баланду қасам ёд кардани онҳо худро ноҳинҷор ҳис намуда, яке рӯй турш мекарду дигаре гӯё намешунид.
Яке аз ахлоқи накӯ, ки имрӯзҳо хеле камранг шудааст, садоқат ва ростӣ ва ростгӯӣ аст. Аз сабаби он, ки вақтҳои охир ин ахлоқи ҳасана аз миёни мо доман кашида, қариб моро тарк намудааст, дар миёни ҷомеа нооромӣ ва нобоварӣ ба маротиб афзудааст.
Дар зиндагӣ инсон бо хулқу гуфтори нарму шево метавонад маҳбуби атрофиён шавад ва маҳз ҳамин хислати ҳамида сабаби иртиботу рафоқати ҳамешагии байни инсонҳо мегардад.
Суханронии Президент
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
Муфассалтар


