Савол № 00010

Доир ба муайян намудани самти қибла

Савол:

Домуллои муҳтарам мехостам ба як масъала ба мо кумак намоед.

Дар масҷиди маҳаллаи мо доир ба муайян намудани самти қибла кашмокашиҳои зиёд шуда истодааст.

Барои ҳамин аз Шумо хоҳиш дорем, ки доири ин мавзӯъ ба мо роҳнамоӣ менамудед?
Бо эҳтиром  Раҷабали аз Вахш

Саволдиҳанда  Раҷабали

 

Ҷавоб:

Бародари азиз доири ин дархости Шумо чунин посух додани ҳастам, ки бале оиди муайян намудани самти қибла имрӯзҳо дар баъзе манотиқи кишвар нофаҳмиҳо вуҷуд дорад.

Аз ин хотир барои рафъи ин нофаҳмиҳо Раёсати Маркази исломӣ дар назди худ як комиссияи босалоҳият дар ҳайати мутахассисони Шӯрои уламо, Кумитаи дин ва институти Астрофизикаи Академияи илмҳои ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додааст. Тавсия медиҳем, ки ҳар нофаҳмие, ки доир ба муайян намудани самти қибла пайдо гардад, метавонед ба Маркази исломӣ  муроҷиат намоед

2015-01-22
4090
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:53
Пешин12:40
Аср17:26
Шом19:25
Хуфтан20:55