Савол № 01012

Аз забони шахсе шунидам, ки як домулло дар фазилати гӯш кардани азон ҳадисе гуфтааст ва маънояш чунин аст: “Шахсе, ки ба азон гӯш медиҳад ва баробари муаззин калимоти азонро такрор мекунад, монанди муаззин аҷру подош мегирад

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Аз забони шахсе шунидам, ки як домулло дар фазилати гӯш кардани азон ҳадисе гуфтааст ва маънояш чунин аст: “Шахсе, ки ба азон гӯш медиҳад ва баробари муаззин калимоти азонро такрор мекунад, монанди муаззин аҷру подош мегирад”. Оё ин дуруст аст? Агар ҳамин ҳадис бошад, лутфан ба мо пешниҳод мекардед. Қаблан ташаккур.

Саволдиҳанда: Абдуллоҳ

 

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, дар мавриди гӯш кардани азон ва такрор намудани калимоти он ин ҳадис ворид шудааст, ки Абӯсаиди Худрӣ (р) аз Ҳазрати Паёмбар (с) ривоят мекунад: «Ҳар гоҳ ки азонро шунидед, пас, чунон ки муаззин мегӯяд, бигӯед». (Ривояти Бухорӣ). Дар ҳадиси дигаре, ки Саъд ибни Абӯваққос (р) ривоят кардааст, Расули Худо (с) мефармоянд: “Ҳар касе вақти шунидани азон бигӯяд: Ман низ шаҳодат медиҳам, ки нест маъбуде барҳақ ба ҷуз Аллоҳи ягона ва беанбоз ва шаҳодат медиҳам, ки Муҳаммад (с) бандаи Худо ва расули Ӯст, ба Парвардигории Худованд, ба пайғамбарии Муҳаммад (с) ва ба доштани дини Ислом розӣ ва хушнуд ҳастам, гуноҳонаш омурзида мешавад”. (Ривояти Тирмизӣ).

2017-04-04
3298
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:07
Пешин12:40
Аср15:29
Шом17:26
Хуфтан18:56