Савол № 01013
Бародаре гуноҳҳои зиёд карда, ҳоло тавба намудааст ва намозу ибодаташро анҷом медиҳад. Аммо баъзе вақт аз васвасаи шайтон гуноҳе мекунад ва пушаймон мешавад. Дар боби тавбаи такрорӣ чӣ мегӯед?
Савол:
1. Бародаре гуноҳҳои зиёд карда, ҳоло тавба намудааст ва намозу ибодаташро анҷом медиҳад. Аммо баъзе вақт аз васвасаи шайтон гуноҳе мекунад ва пушаймон мешавад. Дар боби тавбаи такрорӣ чӣ мегӯед? Дар ҳаққаш дуои хайр кунед. 2. Дар вақти намоз ҳарчанд кӯшиш мекунад, хаёл ба ҳар тараф меравад, чӣ кор кунем?
Саволдиҳанда: Абдулҳамид
Ҷавоб:
Ассалому алайкум. 1. Бародари азиз, тавбаи инсон вақте дуруст мешавад, ки ҳамаи шартҳои он ба ҷо оварда шавад. Яъне аз гуноҳи худ комилан пушаймон гардад, аз гуноҳ даст кашад ва тасмими қатъӣ гирад, ки ҳаргиз дигар он гуноҳро такрор накунад. Агар ин шартҳо риоя карда шаванд, умед аст, ки Худованд тавбаи ӯро бипазирад. Дар ҳадиси шариф Расули акрам (с) фармудаанд: “Тавбакунанда аз гуноҳ ба мисли ин аст, ки ҳаргиз гуноҳе накардааст”. Худованд он бародари шуморо, ки аз гуноҳонаш пушаймон шудааст, тавфиқи тавба ато намояд ва ба роҳи рост ҳидоят фармояд. 2. Албатта аз оғози намоз то анҷоми он тасаллут доштан бар фикру хаёл кори мушкил аст, аз ин рӯ, бисёре аз намозгузорон дар вақти намоз ба парешонхотирӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Инсони намозгузор бояд талош кунад, ки дар вақти намоз ба мазмун ва маънои оятҳо ва зикрҳо биандешад ва то ҳадди имкон бар фикру андешааш тасаллут дошта бошад. Яке аз роҳҳои асосии расидан ба ин мақсад тамоми шароит ва одоби таҳоратро риоя кардан ва пеш аз намоз чанд дақиқа ба зикр машғул шудан аст. Агар ин амалро бардавом риоя кунад, иншоаллоҳ ба ҳадафаш мерасад.