Савол № 01017

Домуллои азиз, лутфан мегуфтед, ки маънои Зокир ва Зикир чист ва байни ҳарду чӣ фарқияте вуҷуд дорад?

Савол:

Ассалому алайкум домуллои азиз, лутфан мегуфтед, ки маънои Зокир ва Зикир чист ва байни ҳарду чӣ фарқияте вуҷуд дорад? Саломат бошед!

Саволдиҳанда: Зокир

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, Зокир сифати фоъилӣ ба маънои зикркунанда ва ёдкунанда аст, аммо Зикир хато аст ва ҳамчун ном ворид нашудааст, балки шакли дурусти он зикр аст, ки масдар буда, ба маънои ёд кардан меояд.

2017-04-05
2898
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:17
Пешин12:40
Аср17:59
Шом20:00
Хуфтан21:30