Савол № 01023
Як дуо мекардед, то ки Худованди Мутаъол ба ман як зани хуби фармонбар ато фармояд.
Савол:
Домуллои азиз, як дуо мекардед, то ки Худованди Мутаъол ба ман як зани хуби фармонбар ато фармояд. Худо шуморо нигоҳбон бошад.
Саволдиҳанда: Ҷаҳонгир
Ҷавоб:
Ассалому алайкум. Бародари азиз, мо дуо мекунем, ки Худованд ба шумо зане солеҳа ва фармонбари порсо насиб гардонад, вале шумо низ шабҳо намоз гузоред ва барои расидан ба ин ҳадафатон дуо кунед, ҳамзамон аз фисқу фуҷур дур бошед, албатта Худованд ҳамсари солеҳаи покдоман насибатон хоҳад гардонд.