Савол № 01024
Мегӯянд, ки луқмаи ҳалолтарин ин моҳӣ мебошад. Оё оиди ин сухан ягон ҳадис вуҷуд дорад?
Савол:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Мегӯянд, ки луқмаи ҳалолтарин ин моҳӣ мебошад. Оё оиди ин сухан ягон ҳадис вуҷуд дорад?
Саволдиҳанда: Яъқуб
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, моҳӣ аз ҷумлаи ҳайвоноте аст, ки Худованд онро барои бандагонаш ҳалол кардааст, вале ҳалолтарин луқма он аст, ки аз роҳи дуруст ва пок ба даст оварда шавад. Дар бораи моҳӣ Расули Худо (с) фармудаанд: “Таъоми аввалини аҳли биҳишт ҷигари моҳӣ аст”. (Ривояти Бухорӣ)