Савол № 01025

Агар чунин бошад, муқтадӣ ду саф пеш рафт, вале саффи пеш боз холӣ бошад, дар чунин ҳолат чӣ амал намоем, ки саффи намоз холӣ намонад?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Домуллои муҳтарам, оё ба андозаи ду саф дар намоз роҳ рафтан намоз фосид мешавад? Агар чунин бошад, муқтадӣ ду саф пеш рафт, вале саффи пеш боз холӣ бошад, дар чунин ҳолат чӣ амал намоем, ки саффи намоз холӣ намонад? Раҳмати Худо ба Шумо!

Саволдиҳанда: Давлат

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, тартиби барпо шудани намози ҷамоат чунин аст, ки намозгузорон бояд нахуст саффи аввалро пур намоянд ва пас аз он ба саффи дуюм гузаранд. Агар ба ягон сабаб саффи пешин холӣ монад, муқтадӣ бояд саффи холиро пур кунад, зеро пурра шудани саф аз ҷумлаи комил шудани намоз ва сабаби иҷобати дуо мебошад. Агар саффи холиро пур кард ва дид, ки саффи пешин ҳам холӣ аст, ба саффи пешин гузарад ва онро пур кунад. Вале дар вақти ҳаракат кардан пай дар пай ва бо шитоб қадам назанад, балки оҳиста ва оромона ҳаракат кунад ва дар байн андаке таваққуф намояд. (“Мухтасарул-виқоя”, с. 18-19; “Ал-фиқҳул-исломӣ ва адиллатуҳу”, ҷ. 2, с. 1033). 

2017-04-08
3192
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:07
Пешин12:40
Аср15:28
Шом17:25
Хуфтан18:55