Савол № 01040

Оё намози бомдод қазо намешавад? Айни ҳол то кадом соат гузоридан мумкин аст?

Савол:

Оё намози бомдод қазо намешавад? Айни ҳол то кадом соат гузоридан мумкин аст?

Саволдиҳанда: Мунаввара

Ҷавоб:

Ассалому алайкум. Хоҳари азиз, ҳар намозе дорои вақти муайян аст, агар вақташ гузашт, намоз қазо мешавад. Охири вақти намози бомдод тулуъи офтоб аст, агар аз касе ин намоз қазо шавад, пас аз баланд шудани офтоб ба андозаи як найза онро ҳамроҳ бо суннаташ қазо медорад. Агар қазои ин намозро то вақти пешин ба ҷо наоварда бошад, дар ин сурат танҳо фарзи онро қазо медорад. (“Хулосатул-масоил”, ҷ. 1, с. 53-54). Барои огоҳ шудан аз вақтҳои намоз шумо метавонед ба бахши “Вақтҳои намоз”-и сомона муроҷиат кунед.

2017-04-12
4673
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:07
Пешин12:40
Аср15:28
Шом17:25
Хуфтан18:55