Савол № 01042

Кашидани носу сигор таҳоратро мешиканад?

Савол:

Ассалому алайкум домуллои муҳтарам! Кашидани носу сигор таҳоратро мешиканад?

Саволдиҳанда: Ҳалим

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, дар китобҳои фиқҳӣ оиди шикастани таҳорат аз носу сигор зикре ба миён наомадааст. Аммо асли масъала дар ин аст, ки ҳадафи асосӣ аз таҳорат ҳам пок кардани зоҳир ва ҳам пок намудани қалб аз олудагиҳо ва кудуратҳо мебошад. Пас шахсе, ки носу сигор истеъмол мекунад, маълум аст, ки на танҳо зоҳиру ботинашро олуда месозад, балки ба муҳит ва атрофиёни худ зарарҳои маънавӣ мерасонад. Бинобар ин афзалу беҳтар он аст, ки пас аз кашидани нос ва ё сигор таҷдиди вузӯ кунад. Бузурге мефармояд:

Чун биёрӣ таҳорати зоҳир,

Ботинат низ Ҳақ кунад тоҳир.  

2017-04-12
5240
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:03
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:12
Хуфтан18:42