Савол № 01046
Зане, ки кӯдаки ширхора дорад, пас аз ҳамхоба шудан бо шавҳараш кӯдакашро шир медиҳад. Оё ин амали ӯ равост ё на?
Савол:
Ассалому алайкум. Зане, ки кӯдаки ширхора дорад, пас аз ҳамхоба шудан бо шавҳараш кӯдакашро шир медиҳад. Оё ин амали ӯ равост ё на?
Саволдиҳанда: Шафоатхон
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, ин амал ҳеҷ боке надорад, зеро дин ҳамеша осониро мехоҳад ва шири модар дар ҳеҷ сурат барои фарзанд ҳаром намешавад. Аммо пок ва ботаҳорат будан дар ин ҳолат аз ҷиҳати тақво ва парҳезгорӣ беҳтар аст.