Савол № 01050
Занони ҳомила ба воситаи ташхиси ултрасадоӣ духтар ё писар будани ҳамлашонро мефаҳманд. Оё ин мухолифи Қуръон нест? Чунки тибқи фармудаи Қуръон панҷ чиз аст, ки касе онро намедонад.
Савол:
Ассалому алайкум устод. 1. Ҳамаи ҷилдҳои тафсири “Осонбаён”-ро дар китобхона ҷой диҳед. 2. Занони ҳомила ба воситаи ташхиси ултрасадоӣ духтар ё писар будани ҳамлашонро мефаҳманд. Оё ин мухолифи Қуръон нест? Чунки тибқи фармудаи Қуръон панҷ чиз аст, ки касе онро намедонад. Илми ғайбро фақат Худо медонад. Шарҳ диҳед.
Саволдиҳанда: Самиъ
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, айни ҳол нусхаи электронии тафсири “Осонбаён”-ро дар даст надорем, дар сурати имкон ин хоҳиши шумо амалӣ хоҳад шуд. 2. Мафҳуми ояти 34-уми сураи “Луқмон” ин аст, ки он чи дар шиками занони ҳомила аст, писар ё духтар будани онро аз оғози марҳалаи нутфа то дамида шудани рӯҳ ба он фақат Худованд медонаду бас. Аммо пас аз такмили хилқати ҷанин муайян кардани он ба василаи дастгоҳҳои ташхисӣ дар илми ғайб дохил намешавад. Чунки баъзе пиразанони ботаҷриба аз рӯи ҳаракатҳо ва аломатҳои хосси зани ҳомила писар ё духтар будани ҳамли ӯро низ муайян карда метавонанд. Фаромӯш набояд кард, ки дастгоҳи ташхисӣ гоҳе дар муайян намудани ҳамли занон иштибоҳ ва хато мекунад ва акси воқеъиятро нишон медиҳад, ҳамон тавре ки некбахт ё бадбахт будани ҳамлро муайян карда наметавонад.