Савол № 01053

Мехостам дар бораи нишонаҳои ҳазрати Имом Маҳдӣ маълумот медодед, ӯро чигуна метавон шинохт, дар куҷо таваллуд хоҳад шуд ва дар куҷо зуҳур мекунад?

Савол:

Ассалому алайкум. Мехостам дар бораи нишонаҳои ҳазрати Имом Маҳдӣ маълумот медодед, ӯро чигуна метавон шинохт, дар куҷо таваллуд хоҳад шуд ва дар куҷо зуҳур мекунад?

Саволдиҳанда: Иброҳим

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, Имом Маҳдӣ пеш аз қиёмат зоҳир шуда, роҳбари мардум мешавад ва дар рӯи замин адолатро барқарор мекунад. Ӯ аз насли аҳли байти Пайғамбар (с) мебошад, номаш Муҳаммад, номи падараш Абдуллоҳ аст. Расули Худо (с) фармудаанд: “То вақте ки аз аҳли байти ман шахсе, ки номаш бо номи ман ва номи падараш бо номи падари ман мувофиқ аст, роҳбари мардум нашавад ва оламро пур аз адлу дод накунад, қиёмат барпо нахоҳад шуд”. (Тирмизӣ, Ибни Моҷа,Ибни Ҳиббон) Маҳдӣ аз зуррияи Фотима (р) аст. Пешонияш кушод, бинияш баланду борик аст, дунёи пур аз ҷабру зулмро аз адлу инсоф пур мекунад ва ҳафт сол ҳукумат хоҳад кард. (Ривояти Абӯдовуд). Нишона ва аломатҳои хуруҷи Маҳдӣ яке ин аст, ки пеш аз ӯ марде қотилу золим ба номи Суфёнӣ хориҷ мешавад. Имом Заркашӣ мегӯяд: Имом Маҳдӣ дар Мадина ба дунё меояд. Мардум дар байни рукн ва мақом бо ӯ байъат мекунанд ва бо Суфёнӣ меҷангад. Суфёнӣ аз аҳли Шом аст. Мардуме, ки бо худ силоҳ надоранд, ба хонаи Каъба паноҳ мебаранд ва Суфёнӣ лашкаре барои қатли онҳо мефиристад. Вақте лашкар ба минтақаи Байдо мерасад, замин онҳоро фурӯ мебарад. Хулоса Имом Маҳдӣ монанди дигар инсонҳо ба дунё меояд ва мемирад, муддати ҳаёташ мисли ҳаёти дигарон аст. Вале мисли ҳазрати Исо (а) нест, ки феълан дар осмон зинда буда, аз назарҳо ғоиб аст, зеро зинда будани ҳазрати Исо (а) бо ояти Қуръон собит шудааст ва гардиши рӯзгор ба ҷисму рӯҳи ӯ таъсире надорад.  Шумораи саҳобагоне, ки аҳодиси Маҳдиро ривоят кардаанд, ба 25 нафар мерасад. Аз ин ҷиҳат метавон гуфт, ки хабари Маҳдӣ мутавотир аст.

2017-04-17
3439
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:42
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:08
Хуфтан18:38