Савол № 01055

Дар биное, ки пештар ҳаммом буд, намоз гузоридан ҷоиз аст ё на?

Савол:

Ассалому алайкум домуллои азиз. Дар биное, ки пештар ҳаммом буд, намоз гузоридан ҷоиз аст ё на?

Саволдиҳанда: Комил

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, барои адои намоз пок будани макон шарт аст, агар ҳаммомро хона карда бошанд, гузоридани намоз дар он боке надорад, зеро он ба макони пок мубаддал шудааст. (“Мирқот”, с. 94-98) 

2017-04-19
3332
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:07
Пешин12:40
Аср15:28
Шом17:25
Хуфтан18:55