Савол № 01065
Калимаи “устод” аз “устоз” чӣ фарқ дорад?
Савол:
Ассалому алайкум устод. Калимаи “устод” аз “устоз” чӣ фарқ дорад?
Саволдиҳанда: Саидҷон
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, “устод” калимаи форсӣ аст, аммо “устоз” шакли арабишудаи он мебошад ва ҳарду ба маъноҳои доно, омӯзгор, моҳир ва донандаи касбу кор меояд. Гоҳе калимаи “устод”-ро ба донандаи касбу кор ва “устоз”-ро ба омӯзгор ва муаллим нисбат медиҳанд ва “устоди касб” ва “устози илм” мегӯянд, аммо дар асл ҳар ду як маъно доранд.