Савол № 01072

Оё мумкин аст, ки зан барои дуо ба қабристон равад?

Савол:

Ассалому алайкум. Оё мумкин аст, ки зан барои дуо ба қабристон равад?

Саволдиҳанда: Абдуллоҳ

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, агар зан аз таълимоти динӣ бархӯрдор бошад ва дар вақти рафтан ба қабристон нолаю фиғон накунад, пас, дар рафтани ӯ ҳеҷ ҳараҷ ва ишколе нест ва метавонад, ки ба қабристон рафта, дуо кунад. Дар ҳадис омадааст, ки модари мӯъминон Оиша (р) ба сари қабри бародараш Абдурраҳмон рафта дуо карданд.

2017-04-28
3072
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:06
Пешин12:40
Аср15:32
Шом17:29
Хуфтан18:59