Савол № 01075
Ман намозҳоямро мехонам ва рӯзаи нафлӣ медорам. Зиндагии оилавӣ бе ҷанҷол намешавад, ҳар вақте бо шавҳарам ҷанҷол кунем, мегӯяд, ки рӯзаву...
Савол:
Ассалому алайкум. Ман намозҳоямро мехонам ва рӯзаи нафлӣ медорам. Зиндагии оилавӣ бе ҷанҷол намешавад, ҳар вақте бо шавҳарам ҷанҷол кунем, мегӯяд, ки рӯзаву намози ту қабул нест. Ҳол он ки худаш дар як рӯз ду ё се бор ба зӯр намоз мехонад, дигар намозҳояш қазо мешаванд. Ростӣ, дигар шавқи намоз хондан ва рӯза доштан надорам, зеро шавҳарам мегӯяд, ки қабул намешавад, дилам хунук мешавад. Илтимос, ягон маслиҳат диҳед.
Саволдиҳанда: Дилбар
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, қабул шудани ибодат дар назди Худованд аст, ки ҳеҷ кас аз он хабар надорад. Шумо ибодатро ба хотири Худо анҷом медиҳед, аз ин рӯ, набояд ба гуфтаи касе дилатон аз адои ибодат сард шавад, зеро инсон тамоми розу ниёзи худро ба василаи дуову ибодат ба Худованд арза медорад. Бояд бидонӣ, ки Худованд ҳеҷ ибодатеро бе аҷру подош намегузорад. Албатта шумо набояд бо шавҳаратон ҷанҷол кунед ва бидуни иҷозати ӯ рӯзаи нафл доред. Дар анҷом додани ибодатҳо ба шавҳаратон кумак кунед ва ӯро барои дар вақт гузоридани намозҳо ташвиқ намоед. Кӯшиш кунед, ки бо рафтори хуб ва суханони дилнишин бо шавҳаратон муносибат дошта бошед, иншоаллоҳ миёни шумо ҳамдигарфаҳмӣ ва меҳру муҳаббат барқарор мегардад. Худованд ба шумо зиндагии гуворо насиб гардонад.