Савол № 01078

Мо як ҳамсоя дорем, ки ҳангоми ба пешаш овардани ширбиринҷ ба назди он бармехезад. Оё ин амали ӯ аз назари дини Ислом чӣ гуна аст? Медонам, ки ин кори ӯ хатост, аммо бо далел мефаҳмондед.

Савол:

Ассалому алайкум домуллои гиромиқадр. Мо як ҳамсоя дорем, ки ҳангоми ба пешаш овардани ширбиринҷ ба назди он бармехезад. Оё ин амали ӯ аз назари дини Ислом чӣ гуна аст? Медонам, ки ин кори  ӯ хатост, аммо бо далел мефаҳмондед. Оё аз паси ин кас намоз гузоридан дуруст аст?

Саволдиҳанда: Мунира

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, пеши ширбиринҷ бархостан ба умури дин ҳеҷ рабте надорад. Ин ҷо фикру ақидаи он шахс муҳим аст, ки ба кадом нияту эътиқод пеши ширбиринҷ бармехезад. Аз паси ин шахс намоз гузоридан ҷоиз аст, зеро ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат ин аст, ки аз паси ҳар некӯкор ва бадкирдор намоз гузорида шавад.

2017-04-30
2829
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:06
Пешин12:40
Аср15:32
Шом17:29
Хуфтан18:59