Савол № 01079
Дар бораи ҷоиз ё ноҷоиз будани тиловати Қуръон дар болои қабр аз нигоҳи чор мазҳаб бо далел фаҳмонед.
Савол:
Ассалому алайкум домуллои азиз. Дар бораи ҷоиз ё ноҷоиз будани тиловати Қуръон дар болои қабр аз нигоҳи чор мазҳаб бо далел фаҳмонед.
Саволдиҳанда: Аҳмад
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, аз дидгоҳи аҳли суннат ва ҷамоат, хусусан мазҳаби ҳанафӣ савоби аъмол, аз ҷумла қироати Қуръон ба мурдагон мерасад ва дар номаи аъмолашон навишта мешавад. Аз ин рӯ, қироати Қуръон дар болои қабр ҷоиз аст. Дар ин маврид аз Абдурраҳмон ибни Ало ривоят аст, ки бобояш Лаҷлоҷ (р) пеш аз маргаш чунин васият кард: “Пас аз дафни ман назди сарам оятҳои аввал ва охири сураи “Бақара”-ро бихон, зеро ман аз Расули Худо (с) шунидам, ки чунин мегуфтанд”. (Ривояти Табаронӣ).