Савол № 01084
Мехостам дар бораи шахсияти ҳазрати Хизр маълумоти муфассал пешниҳод мекардед.
Савол:
Ассалому алайкум. Мехостам дар бораи шахсияти ҳазрати Хизр маълумоти муфассал пешниҳод мекардед.
Саволдиҳанда: Ҳалим
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар бораи ҳазрати Хизр уламои Ислом ихтилофи назар доранд, ки оё пайғамбар аст ё на ва оё зинда аст ё на. Вале ин ихтилофи дидгоҳҳо дар ақида зиёне надорад. Ба ҳар тақдир Хизр як марди солеҳ ва дӯсте аз дӯстони Худо буданд, ки аз ҷониби Худованд илми хос ба ӯ дода шуда буд. Қиссаи Хизр дар сураи “Каҳф” ворид шудааст, шумо метавонед онро мутолиа намоед.