Савол № 01087
Агар мӯеро аз бадан ҷудо кунем, чӣ коре бар мо воҷиб мешавад?
Савол:
Ассалому алайкум. Агар мӯеро аз бадан ҷудо кунем, чӣ коре бар мо воҷиб мешавад? Пурра мефаҳмондед.
Саволдиҳанда: Ибодуллоҳ
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, мӯйро аз бадан ҷудо кардан дар мавсими ҳаҷ ҷиноят мебошад, агар миқдори зиёд бошад, забҳи як гӯсфанд воҷиб мегардад, агар кам бошад, садақа лозим мешавад. Аммо дар ғайри айёми ҳаҷ бо ҷудо кардани мӯй чизе воҷиб намегардад, беҳтар ин аст, ки ҳар чизе аз бадани инсон ҷудо мешавад, онро зери хок кунад. (“Мухтасарул-виқоя”, с. 45-46)