Савол № 01092

Ман модари хонанишинам ва як фарзанд дорам. Шавҳарам коргари давлат аст. Ҳар вақте шавҳарам маош мегирад, ҳамаашро сарф мекунад, доим мегӯям, ки ягон сӯм пасандоз мон, вале намемонад. Гоҳе ба ман маблағ медиҳад, то ягон чиз барои хона харид кунам.

Савол:

Ассалому алайкум. Ман модари хонанишинам ва як фарзанд дорам. Шавҳарам коргари давлат аст. Ҳар вақте шавҳарам маош мегирад, ҳамаашро сарф мекунад, доим мегӯям, ки ягон сӯм пасандоз мон, вале намемонад. Гоҳе ба ман маблағ медиҳад, то ягон чиз барои хона харид кунам. Ман боқимондаашро пинҳон мекунам ва ба шавҳарам мегӯям, ки ҳамаи пулро харид кардам. Дар ягон рӯзи зарурӣ он пулро сарф мекунам. Илтимос, бигӯед, ки ман кори хато мекунам?

Саволдиҳанда: Мадина

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, ин рафтори шумо хуб нест, балки хиёнат аст, бояд ба шавҳаратон дурӯғ нагӯед ва росташро қоил шавед. Худованд раҳмату баракатро дар хонаатон нозил мекунад, зеро шавҳари шумо ҳам шири инсон хӯрдааст, шуморо мефаҳмад. Шумо дигар ин ин хаторо такрор накунед, сабаби оромӣ ва муҳаббат дар зиндагиатон мешавад.

2017-05-02
3745
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:07
Пешин12:40
Аср15:18
Шом17:16
Хуфтан18:46