Савол № 00110

Дар бораи рӯза дар ҶТ аз таърихи чандум, соати чанд даҳон бастан ва соати чанд кушодан, чӣ гуна ният кардан ва чӣ кор анҷом додан лозим аст? Оё одами бенамоз рӯза дорад, рӯзааш дуруст ва қабул мешавад?

Савол:

Ассалому алайкум, дар бораи рӯза дар ҶТ аз таърихи чандум, соати чанд даҳон бастан ва соати чанд кушодан, чӣ гуна ният кардан ва чӣ кор анҷом додан лозим аст? Оё одами бенамоз рӯза дорад, рӯзааш дуруст ва қабул мешавад?

Саволдиҳанда:Шараф

Ҷавоб:

Аввали моҳи Рамазони имсола рӯзи 18-уми июн муайян шудааст, соати 03.05-и субҳ вақти хӯрдан интиҳо ёфта, нияти рӯза мекунанд. Соати 20.05 вақти намози шом ва лаҳзаи кушодани рӯза аст.

Нияти рӯза ба арабӣ: “Ва лисавми ѓадин мин шаҳри Рамазоналлазӣ фаризатан навайту”.

Дуои ифтор: “Аллоҳумма лака сумту ва бика оманту ва алайка таваккалту ва ъало ризқика афтарту, бираҳматика ё арҳамар-роҳимин”.

Дар бораи рӯзаи шахси бенамоз бояд донист, ки намоз ибодати алоҳида аст ва рӯза ибодати алоҳида, ҳар ду ҳам фарз ҳастанд. Вақте якеро ба ҷо намеорад, ин ба он маъно нест, ки барои анҷоми дувумӣ ҳақ надорад, балки бояд рӯза бигирад ва саъй кунад, то намозро ҳам дар вақт ба ҷо орад.

2015-06-19
6586
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:05
Пешин12:40
Аср15:16
Шом17:14
Хуфтан18:44