Савол № 01102
Агар ба нияти нигоҳ доштани пул бо маблағи 15 ҳазор доллар як хона харидам, дар ин хона закот воҷиб мешавад?
Савол:
Ассалому алайкум устоз. Агар ба нияти нигоҳ доштани пул бо маблағи 15 ҳазор доллар як хона харидам, дар ин хона закот воҷиб мешавад?
Саволдиҳанда: Саид
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар ба нияти нигоҳ доштани пул хона харида бошед, дар он закот воҷиб намешавад. Агар дар вақти харидани хона ё пас аз харидани он нияти тиҷорат кардед, баъд аз гузаштани як сол пардохти закоти он воҷиб мешавад. (“Мухтасарул-виқоя”, с. 31-32)
Қисмҳо
Бомдод | 06:05 |
Пешин | 12:40 |
Аср | 15:34 |
Шом | 17:32 |
Хуфтан | 19:02 |