Савол № 01103
Дар назди дарвоза бел рост гузошта шуда буд, зани ҳамсояамон омада ба мо гуфт: Белро рост намонед, хокталаб мешавад, убол аст.
Савол:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Дар назди дарвоза бел рост гузошта шуда буд, зани ҳамсояамон омада ба мо гуфт: Белро рост намонед, хокталаб мешавад, убол аст. Гуфтаҳои ӯ ба ман на он қадар писанд омад. Лутфан мегуфтед, ки гуфтаҳои ин зан ягон ҳақиқате дорад?
Саволдиҳанда: Шаҳром
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, сухани ин ҳамсоязан ягон асоси шаръӣ надорад. Балки ин як навъ гумони бад кардан аст. Дар дини Ислом гумони бад раво нест, аммо гумони нек хуб аст. Аз ин лиҳоз, аз сухани ин гуна занон ягон гумони бад накунед.