Савол № 01107

Баъзеҳо мегӯянд, ки пир доранд ва ҳамчун табиб фаъолият мекунанд. Дар бобати "пир" маълумот медодед ва умуман пир мавҷуд аст ё на?

Савол:

Ассалому алайкум. Баъзеҳо мегӯянд, ки пир доранд ва ҳамчун табиб фаъолият мекунанд. Дар бобати "пир" маълумот медодед ва умуман пир мавҷуд аст ё на?

Саволдиҳанда: Сомон

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, пир ба маънои пешво, роҳнамо ва устод омадааст, албатта бояд пир илми комил ва амали солеҳу тақво дошта бошад. Худованд дар Қуръон мефармояд: “Ӯ Он [Худой] аст, ки дар [миёни] нохондагон пайғамбаре аз худашон барангехт, ки бар онҳо оёти Ӯро мехонад ва онҳоро пок мекунад ва ба онҳо Китобу донишро меомӯзад”. (“Ҷумъа”, 2) Дар ҳадиси шариф низ омадааст, ки Расули гиромӣ (с) фармудаанд: “Олимон ворисони пайғамбаронанд”. (Ривояти Муслим) Бинобар ин, афроде, ки ин сифотро доро бошанд, ӯро пир мегӯянд, ки мардумро роҳнамоӣ карда, бемориҳои ботинии онҳоро дармон мебахшанд, яъне пир он бошад, ки роҳи пайғамбарӣ бинамояд. 

2017-05-08
2895
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:41
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:09
Хуфтан18:39