Савол № 01110

Домуллои азиз, оё ангуштарини нуқрагин андохтан суннат аст?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Домуллои азиз, оё ангуштарини нуқрагин андохтан суннат аст? Агар суннат бошад, ба кадом даст ва ангуштарин чӣ тавр бояд бошад?

Саволдиҳанда: Абдуллоҳ

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, аз дидгоҳи фиқҳи ҳанафӣ ангуштарини нуқра андохтан суннат нест, балки ҷоиз аст. Аз Расули Худо (с) ҳам дар дасти рост ва ҳам дар дасти чап ривоятҳо ворид шудаанд. (“Фатовои ҳиндӣ”, ҷ. 4, с. 114)   

2017-05-08
2793
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:41
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:09
Хуфтан18:39