Савол № 01118

Дар ҷавонӣ бобоёну бибиён ба мо талқин мекарданд, ки ту бандаи Худо, уммати Муҳаммади Мустафо (с), дар мазҳаби Имоми Аъзам (р), дар миллати Иброҳими Халилуллоҳ (а) ҳастӣ. То ваҳй омадан ба Расули Худо (с) дигар пайғамбарон ғайри араб буданд.

Савол:

Ассалому алайкум муҳтарам корбарони сомонаи Маркази исломӣ. Дар ҷавонӣ бобоёну бибиён ба мо талқин мекарданд, ки ту бандаи Худо, уммати Муҳаммади Мустафо (с), дар мазҳаби Имоми Аъзам (р), дар миллати Иброҳими Халилуллоҳ (а) ҳастӣ. То ваҳй омадан ба Расули Худо (с) дигар пайғамбарон ғайри араб буданд. Бигӯед, ки Иброҳим  Халилуллоҳ (а) аз кадом миллат буданд.

Саволдиҳанда: Раҳматҷон

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, тибқи шаҳодати Қуръон ҳазрати Иброҳим (а) на яҳудӣ буд ва на насронӣ, балки дар миллати Ислом буд ва мусулмони ҳаниф (пок) буд.

2017-05-10
2982
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:41
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:09
Хуфтан18:39