Савол № 01126

Дар вақти дуо кардан бояд дастҳоро бо ҳам часпонем ё кушода гирем?

Савол:

Ассалому алайкум. Дар вақти дуо кардан бояд дастҳоро бо ҳам часпонем ё кушода гирем? Пурратар мефаҳмондед.

Саволдиҳанда: Абдуллоҳ

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ҳангоми дуо бардоштани дастон ба сӯи осмон ва молидани онҳо ба рӯй суннати дуо аст. Аммо бо ҳам часпонидан ва ё кушода гирифтани дастҳо шарт нест, балки ҳузури қалб ва ихлосу яқин доштан ба иҷобати дуо муҳим аст.  

2017-05-11
4643
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:03
Пешин12:40
Аср16:06
Шом18:00
Хуфтан19:30