Савол № 01127
Ман се ҳазор доллар дорам, аз он чӣ миқдор бояд закот диҳам?
Савол:
Ассалому алайкум. Ман се ҳазор доллар дорам, аз он чӣ миқдор бояд закот диҳам?
Саволдиҳанда: Азим
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, шарти адои закот гузаштани сол аст, яъне аз он рӯзе, ки шумо соҳиби се ҳазор шудед, бояд як соли қамарӣ гузарад, пас аз гузаштани як сол аз ин миқдор 75 доллар закот додан бар шумо воҷиб мегардад.
2017-05-12
4384