Савол № 01135
Соҳиби корхона дар охири моҳ маошамонро медиҳад. Вақте ки мошинҳо истода бензин мегиранд, мо онҳоро ёрӣ медиҳем, баъзе онҳо низ ба таври кофӣ ба мо пул медиҳанд. Оё пули додаи онҳо ҳалол аст ё ҳаром?
Савол:
Ассалому алайкум. Ман дар кишвари Русия дар нуқтаи фурӯши бензин кор мекунам. Соҳиби корхона дар охири моҳ маошамонро медиҳад. Вақте ки мошинҳо истода бензин мегиранд, мо онҳоро ёрӣ медиҳем, баъзе онҳо низ ба таври кофӣ ба мо пул медиҳанд. Оё пули додаи онҳо ҳалол аст ё ҳаром? Онҳо пулро бо розигии худ медиҳанд.
Саволдиҳанда: Ҷамшед
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар бидуни ҳеҷ гуна тамаъе ба шумо чизе бидиҳанд, дуруст аст, вале тамаъ накунед. Моҳонае, ки соҳиби корхона медиҳад, барои шумо ҳалол аст.