Савол № 01136

Ман дур аз ҳамсарам зиндагӣ дорам. Вақте ки бо ӯ тариқи телефон суҳбат мекунам, ҳиссиёти мо бедор мешавад ва суханони таҳрикдиҳандаи якдигарамон ба миён меояд. Мо бо ин восита худро ором мекунем. Оё ин кори мо ҳамон ҳукми бо дасти худ ором карданро мегирад?

Савол:

Ассалому алайкум. Як масъала маро машғул кардааст. Ман дур аз ҳамсарам зиндагӣ дорам. Вақте ки бо ӯ тариқи телефон суҳбат мекунам, ҳиссиёти мо бедор мешавад ва суханони таҳрикдиҳандаи якдигарамон ба миён меояд. Мо бо ин восита худро ором мекунем. Оё ин кори мо ҳамон ҳукми бо дасти худ ором карданро мегирад? Чӣ ҳукм дорад? Ба якдигар фиристодани расмҳои маҳрамона байни зану шавҳар чӣ ҳукм дорад?

Саволдиҳанда: Фирдавс

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар бо ҳамсаратон бо телефон суҳбат кунед ва сабаби оромиш дар шумо пайдо шавад, боке надорад. Аммо фиристодани расмҳои маҳрамона дуруст нест, зеро эҳтимол дорад, ки сабаби фитна гардад. 

2017-05-18
4495
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:33
Пешин12:40
Аср17:45
Шом19:44
Хуфтан21:14