Савол № 01137
Домуллои азиз, ман бистсола ҳастам, намедонам, ки аз дувоздаҳсолагӣ то ҳол чӣ қадар қазоӣ дорам. Шумо мегуфтед, ки ҳашт соли намози қазоиро бихонам?
Савол:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Домуллои азиз, ман бистсола ҳастам, намедонам, ки аз дувоздаҳсолагӣ то ҳол чӣ қадар қазоӣ дорам. Шумо мегуфтед, ки ҳашт соли намози қазоиро бихонам?
Саволдиҳанда: Суннатулло
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, агар дар синни дувоздаҳсолагӣ аломати булуғ (яъне дар хоб эҳтилом шудан) зоҳир шуда бошад, пас намозҳои фарз ва воҷибро қазо медоред. Агар аломати булуғ дар ин син зоҳир нашуда бошад, аз синни понздаҳсолагӣ намозҳоро қазо медоред, зеро қазо доштани намозҳо низ фарз мебошад. (“Мухтасарул-виқоя”, с. 22).