Савол № 01138

Дар телефонҳои мобилӣ китоби Қуръон аст, оё телефонро ҳамроҳи худ ба ҳоҷатхона даровардан ё бе таҳорат аз китоб истифода бурдан гуноҳ аст?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Домуллои муҳтарам, дар телефонҳои мобилӣ китоби Қуръон аст, оё телефонро ҳамроҳи худ ба ҳоҷатхона даровардан ё бе таҳорат аз китоб истифода бурдан гуноҳ аст?

Саволдиҳанда: Суннатулло

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, бо телефони мобилӣ, ки дар дохилаш нусхаи электронии Қуръон вуҷуд дорад, ҳоҷатхона даромадан ҷоиз аст. Бе таҳорат хондани нусхаи электронии Қуръони карим ҷоиз аст ва гуноҳе надорад. Албатта беҳтар ва хубтар ин аст, ки шумо нусхаи электронии Қуръонро дар ҳолати ботаҳорат будан варақ гардонед ва бихонед.   (“Масоили фиқҳии муосир”, с. 37)  

2017-05-18
3068
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:41
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:09
Хуфтан18:39