Савол № 01143

Ман ҳоло донишҷӯ мешавам, аммо дар фикр мондам, судя ё қозӣ шудан мехоҳам.Агар дар давоми фаъолиятам ба ҳайси судя хатое кардам, фардои қиёмат чӣ ҷазо мегирам?

Савол:

Ман ҳоло донишҷӯ мешавам, аммо дар фикр мондам, судя ё қозӣ шудан мехоҳам. Оё дар дини Ислом мумкин аст? Агар дар давоми фаъолиятам ба ҳайси судя хатое кардам, фардои қиёмат чӣ ҷазо мегирам?

Саволдиҳанда: Мартин

Ҷавоб:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, агар шумо дар оянда ба мақсадатон расед, дар ҳар коре ҳастед, бояд дар вақти коратон ба касе зулм накунед ва зарар нарасонед, Худованд дар касбу коратон баракат медиҳад. Агар мабодо зулм кунед ва ё зарар расонед, дар рӯзи қиёмат ба ҷазои сахт гирифтор мешавед. Расули Худо (с) мефармоянд: “Зулм торикиҳои рӯзи қиёмат аст”. Инчунин мефармоянд: “Дар Ислом зарар расонидан ба худ ва дигарон вуҷуд надорад”.   

2017-05-18
2666
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:41
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:09
Хуфтан18:39