Савол № 01145

Лутфан бигӯед, ки аз рӯи фитта гӯш кардани нашидҳои Қуръон дар хона савобе дорад?

Савол:

Ассалому алайкум домуллои гиромӣ. Лутфан бигӯед, ки аз рӯи фитта гӯш кардани нашидҳои Қуръон дар хона савобе дорад? Баъзе аз занони муъминамон, ки Қуръон хонда наметавонанд, аз шунидани ин гуна нашидҳо ба онҳо савобе мерасад? Худо хоҳад, дар ояндаи наздик ёд мегиранд.

Саволдиҳанда: Шоҳин

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аз рӯи фитта шунидани нашиди Қуръон низ савоб дорад, чунки нияти онҳо шунидани каломи Худованд аст ва Расули Худо (с) фармудаанд, ки аъмоли инсон ба нияти ӯ вобаста аст. Албатта ояти Қуръонро чи тиловат кунад ё бишнавад, савоб дорад.

2017-05-18
3114
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:41
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:09
Хуфтан18:39