Савол № 01147
Ду сол мешавад, ки шавҳар кардаам ва соҳиби як фарзанд ҳастам. Рӯзе шавҳарам бо модараш ҷанҷол кард ва маро ба хонаи волидайнам овард. Чизе ба ман нагуфт ва баромада рафт. Тӯли як сол мешавад, ки...
Савол:
Ассалому алайкум. Ду сол мешавад, ки шавҳар кардаам ва соҳиби як фарзанд ҳастам. Рӯзе шавҳарам бо модараш ҷанҷол кард ва маро ба хонаи волидайнам овард. Чизе ба ман нагуфт ва баромада рафт. Тӯли як сол мешавад, ки аз мо хабар намегирад ва ба фарзандаш кумаке намекунад. Шунидам, ки зани дигар гирифтааст. Якчанд бор хостам, ки ба хонаашон равам, вале падарам розӣ нест. Бисёр шахсон мегӯянд, ки никоҳи шумо бекор шудааст. Оё ин дуруст аст?
Саволдиҳанда: Меҳрона
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, оила муқаддас ва оиладорӣ ғанимат аст, бо ҳамсар зиндагии ширин доштан шараф аст. Он чи шумо гуфтед, аз нигоҳи шариат дар никоҳатон халале эҷод нашудааст. Шумо ноумед нашавед, он рафторе, ки шавҳаратон нисбати шумо ва фарзандаш мекунад, хилофи дастуроти шариат аст. Одатан ба масоили хонаводагӣ баъд аз шунидани тарафайн посух дода мешавад. Посухи якҷониба мушкил эҷод мекунад. Беҳтар аст, ки агар имкон дошта бошед, ҳамроҳи шавҳаратон ба Раёсати фатво муроҷиат кунед, пас аз шунидани тарафайн ба суолатон посухи муфассал пайдо хоҳед кард.