Савол № 01149
Як бародар бо як хоҳар якдигарро дӯст медоранд ва мехоҳанд барои хушбахтиашон издивоҷ кунанд, лекин модари бародар розӣ нест, чунки оилаи он хоҳар камбизоатанд. Агар бародар сухани?
Савол:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Як бародар бо як хоҳар якдигарро дӯст медоранд ва мехоҳанд барои хушбахтиашон издивоҷ кунанд, лекин модари бародар розӣ нест, чунки оилаи он хоҳар камбизоатанд. Агар бародар сухани модарро гӯш накарда, барои хушбахтии ояндаи худ бо он хоҳар издивоҷ кунад, гунаҳгор мешавад? Ҳалли ин масъаларо мефаҳмондед.
Саволдиҳанда: Абдулҳамид
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, агар писаре духтареро дӯст дорад ва барои хушбахтии ояндаашон издивоҷ кунанд, ҳарчанд волидайнашон розӣ ҳам набошанд, боке надорад. Агар писару духтар бо ҳам муносиб ва ҳамшаън набошанд, яъне писар ботақво ва духтар нопарҳезгор ва ё баръакс бошанд, дар ин сурат волидайнашон метавонанд оиди ин қазия ба додгоҳ муроҷиат намуда, никоҳи онҳоро бекор кунанд. Баробар ва муносиб будани писару духтар шарти афзалияти издивоҷ аст, вагарна никоҳи онҳо саҳеҳ ва зиндагиашон дуруст аст. (“Мухтасарул-виқоя”, с. 49-50) Ногуфта намонад, ки бидуни маслиҳати волидайн издивоҷ кардан оқибати хуб надорад, зеро волидайн пайваста кӯшиш менамоянд, ки фарзандашон хушбахт бошад. Мутаассифона яке аз омилҳои вайрон шудани оилаҳо дар замони кунунӣ бидуни ризояти волидайн издивоҷ кардани ҷавонон ба шумор меравад.