Савол № 00116
Оё дар мошинаи дӯзандагӣ закот воҷиб ҳаст?
Савол:
Оё дар мошинаи дӯзандагӣ закот воҷиб ҳаст?
Ҷавоб:
Аз мошинаи дӯзандагие, ки бо он кор мекунад ё нияти ба он кор карданро дорад, закот воҷиб нест. Вале агар он мошина ба нияти тиҷорат бошад, закоташро адо мекунад. Он маблағе, ки ба воситаи дӯхтан ба даст меояд, агар ба нисоб баробар шавад, закоташро адо мекунад. (“Баҳрур-роиқ”, ҷ. 2, с.288, “Раддул-муҳтор”, ҷ.2, с.298).
2015-06-22
4810