Савол № 01179

Ҳазрати Пайғомбар (с) чанд сол рӯза доштаанд? Оё ягон бор 29 рӯз рӯза гирифтаанд? 3. Китоби “Маорифул-Қуръон”-ро дар сомона ҷо мекардед.

Савол:

Ассалому алайкум устоз. 1. Дар бораи зоғ мегуфтед, ки кадом навъаш ҳалол аст. 2. Ҳазрати Пайғомбар (с) чанд сол рӯза доштаанд? Оё ягон бор 29 рӯз рӯза гирифтаанд? 3. Китоби “Маорифул-Қуръон”-ро дар сомона ҷо мекардед.

Саволдиҳанда: Ато

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, зоғе, ки зироат мехӯрад, ҳалол аст. Аломаташ ин аст, ки ҷуссаи хурд, пойҳои сурх ва бадани сиёҳ дорад ва дон мехӯрад. Аммо зоғе, ки наҷосат мехӯрад, ҳаром аст. Аломати он ин аст, ки ба мурғ шабоҳат дорад, яъне бузургҷусса аст. 2. Рӯза соли дуюми ҳиҷрӣ фарз шудааст. Расули Худо (с) дар тӯли ҳаёташон нуҳ сол рӯза доштаанд, аз ҷумла панҷ сол 29-рӯзӣ ва чор сол 30-рӯзӣ рӯза гирифтаанд. 3. Дар сурати пайдо шудани нусхаи электрони китоби “Маорифул-Қуръон” онро дар сомона ҷой хоҳем кард. 

2017-06-01
3004
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:41
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:09
Хуфтан18:39