Савол № 01193

Зани ҳомила метавонад рӯза гирад? Аз чандмоҳа ҳомила буданаш узр ҳисоб мешавад? Агар зан кӯдаки ширхора дошта бошад, рӯза мегирад?

Савол:

Ассалому алайкум. Зани ҳомила метавонад рӯза гирад? Аз чандмоҳа ҳомила буданаш узр ҳисоб мешавад? Агар зан кӯдаки ширхора дошта бошад, рӯза мегирад?

Саволдиҳанда: Фарҳод

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, зани ҳомила метавонад рӯза гирад, ба чандмоҳа будани ҳамлаш вобаста нест. Ҳоли ҳар зан ба худи ӯ маълум аст, агар рӯза доштан ба худи зан ё ҳамлаш ва ё кӯдаки ширхорааш хатар дошта бошад, хӯрдани рӯза барояш иҷозат аст. (“Мухтасарул-виқоя”, с. 37)

2017-06-07
3388
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:03
Пешин12:40
Аср16:06
Шом18:00
Хуфтан19:30